Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз тири ғамза бар дили мо кай расад?
Ин назар то бар кӣ афтад, ин бало бо кӣ расад?

Дар ҳар се чопи пешин ба ҷои он «то» омадааст, ки саҳеҳ аст.
Мисраъи дуввуми байти зер аз лиҳози мантиқ, вазн ва қофия сакта дорад:

Аз гиря маро хонаи чашм об гирифтаст,
29 В-аз қиссаи мо чашми тар об гирифтааст.

Дар чопи Маскав мисраъи дуввум ба ин шакл омадааст, ки саҳеҳтар аст:

30
В-аз қиссаи мо чашми туро хоб гирифтаст».

Дар мисраъи дуввуми қитъаи зер исми Фарҳод ба мазмуни он робитае надорад ва калимаи фарёд, ки ба ҷои он дар чопҳои Табрезу Душанбе омадааст, дуруст аст:

Ҷуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре,
Маро зи дасти ҳунарҳои хештан Фарҳод.

Мисръаи дуввуми байти зер ҳам мазмуни равшане надорад ва ҳамчунин аз лиҳози вазн хароб аст:

Бо ҳама ранҷи ғарибиву ғами танҳоӣ,
Чун ғами ишқи ту ҳаргиз накунад ёди ҳаёт ҳам.

Дар чопҳои пешин мисраъи мазкур ба ин шакли саҳеҳ сабт шудааст:

Чун ғами ишқи туам мўниси ҷон аст, чӣ ғам?

Дар рубоии зайл вожаи хуррамӣ бемавқеъ буда, ҳам ба мазмун ва ҳам ба вазни он халал ворид намудааст:

Имрўз чу шеър, ҳар кӣ дар хат кўшад, Хуррамӣ зи хатат ба сад ғазал нафрўшад.
Пўшид хати хуби ту айби суханат
31 Ҳамчу хати хубон, ки занахро пўшад.

Дар чопҳои дигар ба ҷои калимаи мазкур ҳарфе омадааст, ки аз ҳар лиҳоз созгор аст. Дар мисраъи охир бошад, вазн, дар шакли ҳамчун навиштани ҳамчу-ро тақозо менамояд:

пешина
аз 625
навбатӣ