Равзанаи адаб

Гурўҳи дуввум нуқсонҳое мебошанд, ки боиси харобии вазни
мисраъҳо гаштаанд. Дар мисраъи зер калимаи гулшан ба ҷои гулаш вазнро халалдор кардааст:
Зулм бошад агар аз барги гулшан (?) пераҳан аст.
Анбар ба ҷои абир:
Дар шабистони сари зулфи анбарафшонат (?).
Бин ба ҷои бубин:
Дурр суфтаам аз ишқ бин (?) санъати устод.
Шароб ба ҷои шурб:
Сўҳбати ёрони хуш, сўҳбату шароби (?) мудом.
Зи ба ҷои аз:
Зи (?) оби Хуҷанд бигзару кўҳ.
Бо ба ҷои ба:
Маро сўхтиву бо (?) ў сохтӣ.
Бипўшид ба ҷои бипўшидӣ:
Рухи рангин зи муште хас бипўшид (?), вале хасро.
Гуфтам ба ҷои гуфтем:
Як нукта аз ин дафтар гуфтаму (?) ҳамин бошад.
Хонадаш ба ҷои хонданаш:
Дил, ки дилдоре надорад, дил нашояд хонадаш (?).
Хўрдам ба ҷои хўрам:
Гуфтӣ: «Ғами ту хўрдам (?) чӣ донӣ».
Агар ба ҷои гар:
Туро агар (?) бевафо гуфтам, чӣ гуфтам?
Даме ба ҷои дӣ:
Даме (?) гуфтамаш бигаз лаби худ ё бидеҳ ба ман.
Дур ба ҷои дурӣ:
Он беҳ, ки дар дур(?) чунин холӣ надорам ҷомро.
Тавба, зуҳд, вараъ ба ҷои тавбаву зуҳду вараъ:
Ў зулф бишкасту Камол аз тавба, зуҳд, вараъ (?).
Сад ба ҷои зи сад:
К-аз он мижгон сад (?) новак, саду як мерасад моро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор