Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чашм ба ҷои чашмам:
Ба чашм (?) гарм аз он рў менамояд.

Гуфт ба ҷои бас:
Гуфтам: «Зи Камоли ту чунин бехабару» гуфт.

Пайвандаки ё зиёдатист:
Чун замони васли рўят ё(?) бувад нозук фурсате.


Анҷомаи е дар калимаҳои хушилҳон ва дил афтодааст:
Чунин мурғи хушилҳон(?), ки ман дорам, раво бошад.


Дар бар туро дил (?) сангин, вале чӣ сангин?

Анҷомаҳои и ва е дар мисраъҳои зер низ навишта нашудаанд:
Аз рух овехта (?) ҳар тарафе зулфи ба хам.


Дӣ гуфта (?): «Ба тўҳфа оред сар бар ин дар».


Соя (?) ар мо ғарибон, эй аҷаб, ҳайф оядат.


Ҳаргиз ду чашми ў ба ҷафо ваъда надод.

Калимаи чун дар шакли мухаффафи чу омада, вазнро сактадор кардааст:
Гуле чу(?) сарви мо андар чаман нест.


Камол, аз заъфи тан чу(?) шамъ дорад зарфишон чеҳра.


Доман аз мо хокиён чу (?) зулф боре дармачин.


32
Чу(?) зи боғи васли гулрўён ҷуз инам ранг нест.

Ба гурўҳи саввум нуқсонҳое мансубанд, ки қофияву радифи шеърҳоро хароб кардаанд. Дар ғазале, ки калимаҳои ҳамқофияаш «чидам», «бигзидам», «варзидем», «дидем»… мебошанд, дар мақтаъ калимаи «мегардем» хилофи қофияи умумист:

Роҳ паймуд басе дар талаби дўст Камол, Дўст дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем(?).

пешина
аз 625
навбатӣ