Равзанаи адаб

Дар рубоии охирини девон «низомаш» ба ҷои «низомӣ» қофияро хароб кардааст:
Он хушписар, ки бурданд дар мактаби низомаш.
Дар ғазале, ки дорои радифи «чакад» аст, дар байти зайл «чакид»
омадааст:
Аз ғамза неш зад ба ҷигар соҳире нигар,
К-ў неш аз куҷо заду хун аз куҷо чакид(?)?
Дар мисръаи охири ғазале радифи «набошад» ҳазф шудааст ва маълум нест, ки ин иштибоҳи котибон аст ё ноширон:
33
Ошиқ беҳ аз ин хонабарандоз (?).
Гурўҳи чаҳоруми нуқсонҳо ба қолабу навъҳои ашъори Камол марбутанд. Тавре ки маълум аст, мустазод навъи шеърест, ки дорои қолабу тарзи навишти хос мебошад. Ибороти изофии ҳар мисраъ ё байт ба таври ҷудогона дар як тараф ё дар зери онҳо навишта мешавад. Вале дар қисмати «Ғазалиёт»-и девон ғазали мустазод ба шакли зайл навишта шудааст, ки мустазод будани он маълум намешавад:
Эй рехта савдои ту хуни дили моро бе ҳеҷ гуноҳе,
Бинвоз даме хастаи шамшери ҷафоро боре ба нигоҳе.
Ба мустазод будани шеъри мазкур танҳо ноширони чопи Душанбе ишора кардаанд. Эраҷи Гулисурхӣ низ монанди К. Шедфар дар қисмати «Мустазод»-и девон танҳо як рубоии мустазодро ҷой додаанд. Вале, мутаассифона, дар ин маврид ҳам Эраҷи Гулисурхӣ онро тарзе сабт кардааст, ки мустазод будани он маълум намегардад:
Бо Акбари мисгар ба дўкон гуфтам ман:
«З-ангишт сиёҳ шуд ба танат пироҳан».
Гуфто, ки зи ишқи… Аҳмад сўхт
Бар оташи дил пераҳани пораи ман.
Дар чопҳои Маскав ва Душанбе шеъри мазкур бо порчаҳои изофӣ, пас аз ҳар байт омада, ба талаботи мустазод ҷавоб медиҳад.
Дар қисмати «Тарона»-и девон ду шеър нақл шудааст, ки ҳар ду аз чопи Табрез гирифта шудаанд. Агар бо тааммуқ ба он шеърҳо нигарем, пай бурдан душвор нест, ки онҳо аз лиҳози мазмун ва қолаб ба тарона нисбате надоранд ва бештар ба талаботи қитъа ҷавобгў мебошанд. Зеро таронаҳо аслан дубайтиву рубоиҳо ҳастанд, ки бо оҳанги мусиқӣ суруда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор