Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар қисмати «Муаммо»-и иловаҳо танҳо як муаммо оварда шудааст. Вале посухи муаммо, ки дарёфти он на ба ҳар хонанда муяссар мешавад, зикр нагардидааст.
Гурўҳи панҷуми нуқсонҳо аз нодуруст ва ноҷо гузоштани ҳаракату аломатҳо сар задааст. Тавре ки маълум аст, аломат ё худ ҳаракатро дар хати арабӣ, бахусус дар Қуръони маҷид ҷиҳати роҳнамоиву дуруст хондани алфоз мегузоранд. Эраҷи Гулисурхӣ низ бо ҳамин нияти нек саъй кардааст ҳар чи бештар ба вожаву ибороти матни девони Камоли Хуҷандӣ аломат гузорад, ки кори хубест. Вале, мутаассифона, баъзан ноҷо гузоштани аломатҳо боиси ғалатхониву харобии мантиқу вазни байту мисраъҳо гаштааст. Масалан, дар байти зер аломатҳои мисраъи аввал барои дуруст хондани калимаҳои наёрад ва ман мадад мерасонанд.
Вале дар мисраъи дуввум аломати фатҳа дар калимаи манат (ба ҷои миннат) боиси харобии мазмун ва вазн гаштааст:

Ақл наёрад ниҳод бар мани бедил сипос,
Бар сари озодагони манат(?) дастор нест.

Бемавқеъ гузоштани аломатҳо баъзан боиси иштибоҳҳои ҷиддӣ гаштааст, ки на танҳо ба дарки маънии байт, балки ба ҳалли масоили дигари аҳволу осори шоир низ халал мерасонад. Барои мисол ба байти зер таваҷҷўҳ кунед:

Камол, чун суханат беҳ зи тарзи ҳусн шуд,
Дигар мадор аз ину аз он таваққуъи таҳсин.

Аввалан, калимаи ҳусн ба вазни мисраъ сакта ворид кардааст.
Сониян, ибораи тарзи ҳусн маънӣ надорад. Дигар ин ки ба ҳусн табдил додани Ҳасан боиси дур шудан аз дарки як масъалаи муҳими сабки нигорандагии Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Зеро шоир дар байти мазкур ба монандии сабки ашъораш ба тарзи ғазалсароии Ҳасани Деҳлавӣ ишора карда, роҳро ба муҳаққиқон барои омўзиши қиёсии сабки ин ду шоири маъруф боз намудааст. Аломатгузории беҷо имкон надодааст, ки муаллиф фикреро, ки дар муқаддима ба миён гузоштааст, тавсиъа дода, ба натиҷаи дуруст бирасад. Дар муқаддимаи девон дар фасли «Шеъри Камол ва иртиботи он бо шоирони дигар» зимнан роҷеъ ба муносибати ашъори Камол ва Ҳасани Деҳлавӣ таваққуф карда навиштааст: «Ғазали Камол… аз ҷиҳати равон будан ба сухани Ҳасани Деҳлавӣ шабоҳати бисёр дорад. Онҳо, ки аҳли таъна буданд, Шайхро «дузди Ҳасан»
мегуфтанд. Ҷомӣ дар китоби «Баҳористон» равзаи шашум ба ин масъала ишора карда». Эраҷи Гулисурхӣ бо ҳамин иктифо намуда, масъаларо то охир равшан накардааст. Байти мазкур метавонист дар ин роҳ кўмак расонад.
Фели ниҳодан дар матни девон ҳама ҷо бо аломати фатҳа (наҳодан) омадааст:

Нанаҳам сару нанаҳам аз сар ин таманноро.

пешина
аз 625
навбатӣ