Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фитнаангезиву шўхиро агар айбе наҳам.
Нанаҳӣ, Камол худро зи сагони остонаш.

Дар ҳамаи фарҳангҳои қадимиву муосири форсиву тоҷикӣ ва гўйишҳои онҳо ниҳодан бо касраи ҳиҷои аввал навишта ва талаффуз мешавад. Дар забони паҳлавӣ низ он шакли ниҳатанро доштааст.
Бинобар ин сабаби ин тавр аломатгузорӣ шудани феъли мазкур норавшан аст:
Ноҷо ва нодуруст гузоштан аломат дар матни девонро зиёд метавон мушоҳида кард, ки чандеро зикр менамоем:

Машмур(?) айб, ки девонааму моҳ нав аст.


Гар футодӣ(?) гузаре сўи ту ногаҳ-ногаҳ.


Дар пои ту танҳо на сари мост футода(?).


Чун футодӣ(?) ба зулфи ёр, Камол.


Он ҳам аз сангдилӣ буд, ки гуфтем чинонат(?).


Дар ғами фирқату(?) нолакунон бо дили реш.


Гуфтаӣ: «Пеши рақибон даҳамат(?) дашном».


Дамбадам з-ойина ин зангро чаро назудоӣ(?).


Ки таби баҳри ту бигудохт(?) тани лоғари ман.


Ба Чин арзон шавад нофаи(?) гар они(?) Ҳинду Хутан гирад.


Он ки осон шимурад(?) ин ҳама хун хўрдани мо.


Саҳл аст ба чашми ман агар дурраҷи(?) сурайёст.


Дар биҳишти адан(?) ҷое хуштар аз ту нест.


Муршид он нест, ки аз май даҳадат(?) тавба, Камол.


Дар қалами(?) худ сухане нест, сухан дар ризқ аст.

Дар муқаддимаи девон сабаби аломатгузорӣ нишон дода
нашудааст. Муаллифи муқаддима дар зимни баёни шеваи кори худ
таъйид менамояд, ки нусхаи ба хатти Алии Домғонӣ китобатшуда, ки
асли матн қарор гирифтааст, «нуқта бисёр кам дорад». Нусхаи дуввуми
ба хатти Муҳаммад Ҷомӣ аз назари нуқтагузорӣ ба сурати навиштаи
Домғонӣ аст». Эраҷи Гулисурхӣ борҳо таъйид кардааст, ки «аз ҳар гуна ислоҳу тавъизи луғат ва танзими норасоиҳо дар радиф худдорӣ кардем».

пешина
аз 625
навбатӣ