Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бозгўии ҳамаи фазилатҳои китоби бузурге чун «Донишномаи адаби форсӣ» дар як мақола бисёр душвор аст, бинобар ин танҳо бо ишора ба чанд вежагии он, ки ба қавли донишманди маъруфи тоҷик академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «як рўйдоди бисёр муҳим дар ҳаёти фарҳангии Эрони имрўза аст», иктифо мешавад.
Яке аз муҳимтарин хусусиёти "Донишнома" ба назари мо ин аст, ки таърих ва вазъи кунунии адабиёт ва фарҳанги Хуросону Мовароуннаҳрро, ки аз замонҳои қадим то имрўз аз конунҳои асосии фарҳангии мардумони эронинажод мебошанд, ба таври куллӣ ҷамъбандӣ менамояд ва шиносномаи он конуни фарҳангиро ба хонандагони эронӣ ироа медиҳад.
Аксари адибону донишмандоне, ки дар садаҳои 17-20 дар Осиёи Марказӣ по ба арсаи вуҷуд гузоштаанд ва осори адабиву илмие, ки ин бузургон ба забони форсии тоҷикӣ офаридаанд ва Донишнома онҳоро хеле хуб муаррифӣ кардааст, барои хонандагони эронӣ комилан ношинохта ҳастанд ва метавон гуфт, ки бисёре аз ин хонандагон шояд номи онҳоро ҳам нашунида бошанд.
Дар "Донишнома" як зумра манобеъи таърихиву адабӣ – фарҳангномаҳо тавзеҳ ёфтаанд, ки арзиши хеле зиёд доранд. Зеро аз онҳо метавон барои таҳқиқоти муштараки донишмандон чун манбаъҳои аслӣ баҳраманд шуд. Масалан, бархе аз тазкираҳо чун «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ, «Мунтахаб-ут-таворих»-и Абдуллои Кобулӣ ва даҳҳо тазкираи дигар, ки дар қарнҳои 17-20 дар Осиёи Марказӣ офарида шудаанд, то ҳол чоп нашудаанд ва вежагии онҳо то кунун бар донишмандони эронӣ ва дигар кишварҳо номаълум аст. Аксари ин тазкираҳо на танҳо манбаи пурбаҳои адабиёти Хуросону Мовароуннаҳр мебошанд, балки роҷеъ ба адабиёти Эрон ва робитаҳои ҳавзаҳои гуногуни фарҳанги форсизабонон ҳам донистаниҳои хеле фаровон доранд.
Дар "Донишнома" ба масоили назарии адабиёт таваҷҷўҳи зиёд дода шудааст. Аввалан аксари истилоҳоти арўз, қофия, санъатҳои бадеӣ, анвои адабӣ ва амсоли инҳо тавзеҳ ёфтааст. Сониян як зумра истилоҳоти наве, ки дар асри 20 дар адабиёти тоҷик роиҷ гаштанд, амсоли очерк, фелетон, повест, роман, драма шарҳ дода шудаанд.
Мақолоти ҷамъастӣ аз қабили «Адабёти ҷадида», «Адабиёти даҳонакӣ», «Адабиёти шўравии тоҷик» «Адабиёти омиёна», «Адабиёти форс-тоҷик», «Адабиёти форсӣ ва мусиқӣ», «Адабиёти кўдакон ва навҷавонон», «Адабиёти маорифпарварӣ», «Шеъри ахлоқӣ» «Шеъри таълимӣ», «Шеъри ривоятӣ», «Шеъри ғиноӣ», «Шеършиносии классикии форсу тоҷик»… барои ҳосил кардани тасаввуроти умуми роҷеъ ба адабиёти тоҷик хеле судманданд.
Дар "Донишнома" теъдоди зиёде аз шоирон, нависандагон, адабиётшиносон, драмнависон, забоншиносон, кормандони синамову театри тоҷик ва дигар кормандони соҳаҳои ҳунар ва фарҳанг муаррифӣ шудаанд. Зимнан бояд гуфт, ки роҷеъ ба бисёр адибони ҷавоне, ки дар Донишнома зикре аз онҳо рафтааст, дар доиратулмаорифҳои чопи Тоҷикистон маълумоте дарҷ наёфтааст.

пешина
аз 625
навбатӣ