Равзанаи адаб

Адабиёт бидуни забон маънӣ надорад ва миёни ин ду пайванде ногусастанӣ аст. Аз ин ҷост, ки дар Донишнома ба масоили гуногуни забони форсии тоҷикӣ таваҷҷўҳ шудааст ва аз чандин истилоҳи забоншиносӣ, фарҳангҳои гуногун, рисолаҳои забоншиносӣ ва ғайра сухан рафтааст.
Қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар "Донишнома" тақрибан ҳамаи рўзномаҳову маҷаллоти асосии Тоҷикистон аз аввалин то навтарини онҳо муаррифӣ гардида, дар бораи онҳо маълумоти муфассалу ҷолибе дода шудааст.
Ногуфта намонад, ки зумрае аз мақолоти "Донишнома" ҷанбаи амиқи таҳлиливу таҳқиқотӣ дошта, шомили бозёфтҳои зиёди адабӣ мебошанд, ки ин илова бар арзиши иттилоотӣ аҳамияти илмии китобро ҳам нишон медиҳад. Мақолаҳое, ки ба сувари хаёл, рамзу киноя, тасвири гиёҳ, парранда ва ҳайвонот дар шеър ва амсоли инҳо бахшида шудаанд, аз ҳамин қабиланд. Аз ҷумла илова бар шарҳи паррандаҳои ҷудогона таҳти унвони «Паррандагон дар адаби форсӣ» низ мақолае ҷой дода шудааст, ки хеле муфассал буда, ҳукми як рисолаи таҳқиқиро дорад (саҳ.
220-234) ва мушоҳидаву мулоҳизоти тозаро дар бар мегирад.
Бисёр хуб аст, ки дар "Донишнома" ба масъалаи иттилоърасонӣ, ки аз ҳадафҳои асосии ин қабил китобҳост, таваҷҷўҳи зиёд шудааст.
Масалан, дар мақолаи «Кунгура» дар бораи 60 конфронсу кунгура аз ҳамоишҳои бузурги илмии барпо шуда дар шаҳрҳои гуногуни Эрону Тоҷикистон иттилооти судманде дода шудааст. Ҳамчунин як зумра маҷмўаи мақолот, ҳикояҳо, шеърҳо, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе, Самарқанд, Бухоро чоп шудааст (амсоли «Гулдастаи Самарқанд», «Масъалаҳои филологияи тоҷик», «Масъалаҳои муҳимтарини филологияи эронӣ», «Масъалаҳои адабиёт ва фолклори тоҷик», «Васлгари дилҳо», «Барги сабз», «Паймон», «Навниҳолони боғи адабиёт»…) тавзеҳ ёфтаанд.
Кори хуби дигаре, ки дар ин китоб анҷом ёфтааст, овонигории унвони мақолаҳо ва номи ашхос, макон ва истилоҳоти дигар бо ҳуруфи лотинӣ аст, ки барои дуруст талаффуз кардани онҳо мадад мерасонад.
Бо арзи сипоси фаровон ба донишманди фарзона Ҳасани Анўша, ки бо талошу заҳматҳои зиёд ва сарпарастии ў ин кори хеле муҳимми фарҳангӣ иҷро мешавад, ба тақозои эшон, ки фармудаанд, «барои ин ки ин китоб аз он чи ҳаст судмандтар афтад ва огоҳиҳое, ки медиҳад, рўзомадтар бошад, бар нависандагон, шоирон ва адабшиносон аст, ки моро дар роҳе, ки пеш гирифтаем, ёрӣ диҳанд ва агар дар ҷоҳое, ки ба бероҳа рафтаем, бо дилсўзӣ ба роҳ бозоваранд», мо низ ҷиҳати такмилу тасҳеҳи ҳар чи бештари ин китоби хеле муҳими муфид мулоҳизоти худро баён менамоем.
Дар шарҳи масъалаҳои умумиву назариявии адабиёт аксаран мисолҳо аз адабиёти муосири Эрон ё аврупоӣ нақл мешавад, ки хуб аст.
Вале баъзе мақолаҳо танҳо бо маводи адабиёти муосири Эрон маҳдуд шудааст. Масалан дар мақолаи «Шеъри мансур» аз адабиёти тоҷик мисоле зикр нашудааст ва хонанда огоҳ намешавад, ки ин падида дар адабиёти тоҷик вуҷуд дорад ё на. Чунин ҳолатро дар мақолаи «Нақди адабӣ» ҳам метавон мушоҳида кард, ки дар он аз вазъи нақди адабии тоҷик сухане нарафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор