Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мақолаи муфассали «Лолойӣ» аз муродифҳои англисиву туркии он баҳс рафтааст, вале аз муродифи тоҷикии он «Алла» ёде нашудааст. Ба назари мо аввалан дар ин мақола бояд сухан бештар аз аллаи тоҷикӣ, яъне лолойии мардуми Осиёи Марказӣ, ки ҳадафи "Донишнома" аст, мерафт. Сониян лолойии форсиро «баргирифта аз вожаи туркии лала» донистан дуруст нест. Зеро чунон ки худи муаллиф дар аввали мақола дуруст навиштааст, вожаҳои мазкур «аз исмҳо ва феълҳое ҳастанд, ки аз асвоти муштарак дар ақвоми мухталиф барои баёни мақосид яксон сохта шудаанд» (саҳ. 744).
Дар мақолаи муфассали «Филмнома» ҳам асосан аз филмномаҳои эронӣ баҳс шуда танҳо дар як ҷумлаи охир ба филмномаҳое, ки дар Тоҷикистон сохта шудаанд, ишорате рафтааст. Ба назари мо хуб мешуд, ки ҳангоми навиштани чунин мақолаҳо аввалан аз маводи фарҳангии баррасишаванда (дар ҷилди ҳозир фарҳанги тоҷик) бештар истифода гардад. Сониян таҳқиқоте, ки дар ин замина анҷом ёфтааст, мавриди истифода қарор гирад. Масалан, дар мақолаҳое, ки ар хусуси гиёҳҳо ва паррандагон дар шеър сухан меравад, аз адабиёти муосири тоҷик мисоле ба назар намерасад. Ҳол он ки илова бар маводи фаровон дар адабиётшиносии тоҷик таҳқиқоти зиёде ҳам анҷом ёфтааст. Аз ҷумла донишманди маъруфи тоҷик академик Раҷаб Амонов роҷеъ ба рамзҳои адабӣ дар фолклори тоҷик рисолаҳо навишта бозёфтҳои ҷолибе а даст овардааст, ки истифода аз онҳо ҷанбаи илмӣ ва қиёсии мақолаҳои мазкурро тақвият медод. Зимнан бояд гуфт, ки равиши қиёсиву татбиқӣ дар мақолаҳои "Донишнома" хеле кам ба кор рафтааст.
Дар "Донишнома" як зумра китобҳои маъруф ҳам мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтааст. Аз ҷумла роҷеъ ба «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфӣ маълумот дарҷ шудааст. Вале дар бораи маҷмўаҳои ҳикоёти омиёна, ки таҳти унвони «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт» ё «Ҷомеъ-улҳикоёт» машҳуранд ва нусхаҳои хаттиву чопии онҳо фаровон аст, зикре нарафтааст. Асари дигари насри омиёна, ки дар Мовароуннаҳр то имрўз шўҳрати зиёд дорад, китоби «Чор дарвеш» аст, ки борҳо чоп шудааст.
Вале дар Донишнома роҷеъ ба он мақолае ба назар намерасад. Ҳамчунин аз «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ, «Беҳрўзу Баҳром»-и Камолиддин Биноӣ ва аз осори нависандагони муосири тоҷик «Тори анкабут»-и Ҷалол Икромӣ, «Одамони ҷовид»-и Раҳим Ҷалил, «Тобистон»-и Пўлод Толис ва амсоли инҳо ёде нашудааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми донишномаҳо саҳеҳ будани рақаму далелҳо ва якнавохтии мафҳуми унвонҳои гуногун мебошад, ки хушбахтона дар китоби ҳозир асосан муроот шудааст. Вале баъзе норасоиҳо ҳанўз ҳам ба назар мерасад. Дар зимни тавзеҳи маҷаллаи «Мактаби советӣ» таъйид шудааст, ки маҷалла аз соли 1991 «бо номи «Адаб» мунташир мешавад» (саҳ. 814). Вале маҷалаи «Адаб» тозабунёд буда, «Мактаби советӣ» бо унвони «Маърифат» нашр мешавад. Соли таваллуди Садри Зиё ба ҷои 1867 соли 1887 сабт шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ