Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Адабиётшиноси тоҷик Худоназар Асозода сирфан нависанда муаррифӣ шудааст.
Дар навишти унвони баъзе муассисаҳои илмии Шўравии собиқ якрангӣ ба назар намерасад. Аз ҷумла Пажўҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Шўравӣ (бахши Ленинград) ба тарзи Академии улуми Ленинград ва Академии фунуни русӣ, Пажўҳишгоҳи ховаршиносии Ўзбакистон ба тарзи Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Тошканди Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ўзбакистон навишта шудааст.
Қабл аз он ки ба тавзеҳи шоирону нависандагон назар андозем, зикри ин нукта зарур аст, ки дар Донишнома баъзе адибон бо номҳои гуногун сабт шудаанд. Анисӣ ва Анисии Самарқандӣ, Насимии Самарқандӣ ва Насими Маҳрам, ҳар ду Маҳрумии Бухороӣ, Маҷнуни Дарвозӣ ва Маҷнуни Бадахшонӣ якчанд, ки мукарраран тавзеҳ ёфтаанд.
Дар ду мақола дар бораи Баҳроми Бухороӣ сухан рафтааст. Азбаски муаллифони мақолаҳо гуногунанд, дар назари аввал шарҳи ҳоли шоирон мутафовит менамояд, вале агар тааммули бештар шавад, шабоҳатро дар шарҳи ҳоли онҳо метавон мушоҳида кард. Аз ҷумла ҳар ду ҳам дар як давр зиндагӣ карда, соҳибдевон мебошанд. Чунин ҳолатро метавон дар шарҳи ҳоли Баёнии Хатойӣ ва Баёнии Хоразмӣ ҳам мушоҳида кард.
Шарҳи ҳоли адабиётшиноси муосири тоҷик Аҳмад Абдуллоев (саҳ. 559) дар ҷои игар бо номи Абдулло Аҳмад (саҳ. 597) такрор шудааст…
Ба монанди донишномаҳои дигар қисмати умдаи ин китобро шарҳи ҳоли ашхос ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар он аз шоирон, нависандагон, адабиётшиносон, хушнависон, рассомон, донишмандони соҳаҳои мухталиф ва дигар намояндагони аҳли илму адаб ва ҳунар хеле фаровон ёд шудааст. Вале дар пешгуфтор меъёри интихоби ин ашхос таъйин нашудааст. Аз ин ҷост, ки масалан дар радифи адибони маъруф шарҳи ҳоли адибоне ҳам дода шудааст, ки аз онҳо ба миқдори хеле кам осор боқӣ мондааст ва ё ҳанўз гомҳои нахустинро ба майдони адабиёт мегузоранд. Вале бисёр адибоне, ки осори фаровон доранд ё соҳибдевонанд, дар сафаҳоти "Донишнома" ҷой наёфтаанд.
Мо ҳоло бидуни тавзеҳ асомии баъзе аз он адибонеро, ки соҳиби девону осори фаровон будаанд, ё дар тазкираҳо ба осори ками онҳо баҳои баланд дода шудааст, ё чанд маҷмўаи осор интишор додаанд, вале дар Донишнома ҷои онҳо холист, ёдовар мешавем ба умеди он ки дар чопҳои баъд мавриди таваҷҷўҳ қарор гиранд. Адибони мазкурро мо ба ду гурўҳ ҷудо карда, фақат ба асре, ки зиндагӣ кардаанд, ишора менамоем:
1.Адибони асрҳои 16-19: Камолиддин Биноӣ (16), Улфатии Бухороӣ (17), Улфатии Хуҷандӣ (19), Тоҷуддавла (19), Турсуни Фароизӣ (17), Собити Бадахшонӣ (18), Собиқи Бухороӣ (19), Ҷунайдулло Ҳозиқ (18), Иброҳим Ҷуръат (18-19), Чокарии Бухороӣ (16), Ҳозири Самарқандӣ (16), Ҳолатии Насафӣ (17), Ҳабибӣ (19), Ҳиҷоб (16), Ҳасрат (18), Хокӣ (19), Хоиф (18), Хиҷлат (19), Хуррамии Самарқандӣ (16), Хуррамии Ҳисорӣ (16), Хуррамии Бухороӣ (17), Халили Бухороӣ (17), Ҳотифи Хуҷандӣ (19), Хофӣ (18), Холӣ (19), Холиди Самарқандӣ (16), Ховарӣ (16), Хомил (19), Хиргоҳии Ҳисорӣ (17), Шодоби Хуҷандӣ (17), Шоҳиди Истаравшанӣ (19), Шоиқ (19), Шоҳиди Самарқандӣ (17), Шамим (17), Шамси Уротеппагӣ (16), Шўхии Бухороӣ (16), Шўҳрати Оҳангаронӣ (16), Шаҳдӣ (16), Шаҳдии Истаравшанӣ (19), Шайдои Балхӣ (14), Шайдои Хуҷандӣ (17), Шерзода Ноил (19), Садри Сарир (19), Субҳии Намангонӣ (19), Толеии Самарқандӣ (16), Тоҳири Бухороӣ (16), Тарзии Самарқандӣ (16), Узрии Ҳисорӣ (16), Ғофил (19), Ғубор (17), Ғабро (19), Ғармӣ (17), Ғайратӣ (16), Ғаюрии Ҳисорӣ (16), Фориғи Ҳисорӣ (18), Фориғи Бадахшонӣ (17), Фозили Андиҷонӣ (16), Фозили Ҷўйборӣ (19), Фоизӣ (19), Фонии Бухороӣ (16), Фоиқи Бухороӣ (19), Фатҳии Андиҷонӣ (16), Фатҳии Бухороӣ (16), Фахрии Румонӣ (19), Фурўғии Самарқандӣ (14), Фитрати Бухороӣ (19), Фано (19), Файзии Косонӣ (16), Қатлии Бухороӣ (16), Қатилии Миёнколӣ (16), Қанбархон (19), Азизбек Ҳаҷрӣ (18), Ҳаҷрии Бухороӣ (16), Яҳёхоҷаи Бухороӣ (19), Юсуф Вафо (19).

пешина
аз 625
навбатӣ