Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, ба забони форсии дарӣ эътибори ҷиддӣ додани амирони сомонӣ ҳодисаи тасодуфӣ нест. Тавре ки маълум аст, давлатҳои тозабунёди эронӣ барои истиқрори давлат ва тақвияти истиқлол, пеш аз ҳама, ба забону оинҳои мардум, ки бар асари ҳукмронии арабҳо хеле заиф гашта, рў ба нобудӣ мениҳоданд, таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар ин росто иқдоми Яъқуби Лайси Саффорӣ басо ҷиддӣ, далерона ва муҳим буд. Чунонки муаллифи гумноми "Таърихи Систон" навиштааст: "Пас шуаро ўро (Яъқуби Лайсро) шеърҳо гуфтандӣ ба тозӣ.
Чун шеър бихонданд, ў олим набуд, андар наёфт. Муҳаммад ибни Васиф ҳозир буд ва дабири расоили ў буд ва адабӣ некў донист ва ба он рўзгор номаи порсӣ набуд. Пас Яъқуб гуфт: "Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?.
Муҳаммад ибни Васиф пас шеъри порсӣ гуфтан гирифт". Тавре ки аз иқтибоси мазкур бармеояд, Яъқуби Лайси Саффорӣ, ки худ аз табақаи мисгарон бархоста буд, асосан ба сабаби хуб надонистани забони арабӣ шоиронро ба сурудани шеър ба забони порсӣ ташвиқ кардааст. Вале амирони сомонӣ аз табақаи ашроф буда, бо халифа ва ноибони ў қаробат доштанд ва забони арабиро хуб медонистанд. Аз ин рў, таваҷҷўҳи онҳо ба забони форсии дарӣ сабабҳо ва ангезаҳои дигар дошт, ки муҳимтаринашон ба василаи он муттаҳид кардани мардуми парешон, бо сухани шоирона бедор кардани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстии онон ва дар ниҳояти кор истиқлоли миллии кишвар буд. Беҳуда нест, ки ҳокимони сомонӣ ба тарҷумаи муҳимтарин осори он замон чун "Таърихи Табарӣ" ва "Тафсири Табарӣ", мураттаб намудани "Шоҳнома"-ҳо дастур додаанд.
Натиҷаи таваҷҷўҳи хос ва талошу муборизаҳо буд, ки забони форсии дарӣ хеле зуд забони арабиро дар доираи коргузории расмӣ маҳдуд карда, дар арсаи адабиёт мақоми аввал ва асосиро ишғол намуд ва ҳатто якҷо бо худшиносии миллии мардум бо суръати тамом ривоҷ ёфта, дар мисоли "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ба қуллаи баланд расид. Ба гумони ғолиб, агар таваҷҷўҳу пуштибонии пайгирона ва ҷиддии Сомониён аз забони форсӣ намешуд, монанди Мисру Сурияву Ироқ ба кишвари арабизабон табдил ёфтани Эронзамин аз эҳтимол дур набуд. Ба қавли донишманди маъруф Сайид Ҳусайни Наср "агар забони форсӣ вуҷуд намедошт, Эрон на танҳо мусалмон мешуд, балки арабзабон ҳам мешуд". Яке аз омилҳои муҳиме, ки дар пешрафт ва ё баръакс ақибравии раванди адабӣ таъсир мерасонад, мафкураи ҳукмрони давр аст.

пешина
аз 625
навбатӣ