Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон тавре ки манобеи таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, амирони сомонӣ на танҳо диндор буданд, балки бо халифа иртиботи қавӣ дошта, аз ҳомиёну паҳнкунандагони фаъоли дини ислом маҳсуб мешуданд. Масалан, Исмоили Сомонӣ барои ба ислом ворид кардани туркон муборизаву талошҳои зиёде ба харҷ дода, ба унвони "Амири ғозӣ" сазовор гашта буд. Вале чунонки баъдтар хоҳем дид, амирони сомонӣ, ба хусус Исмоил ва Наср бинни Аҳмад ба таассуби динӣ роҳ надода, исломро бо оинҳои эронӣ омезиш доданд. Хидмати бузурги фарҳанги Сомониён бештар дар он зоҳир мегардад, ки онҳо миёни ислом ва суннатҳои фарҳангии Эрони бостон созгорӣ ба вуҷуд оварданд. Дар ин бобат Ричард Фрай навиштааст: "Ба назари ман, имтизоҷи Эрон ва ислом бузургтарин дастоварди Сомониён буд ва ба ҳамин хотир ҳамвора бояд аз онон ёд шавад". Чунин сиёсати мўътадили динӣ ба адабиёт низ таъсири мусбат расонд. Бесабаб нест, ки дар осори шоирони давр ситоишу бузургдошти инсон, ки ҳам дар осори Эрони бостон ва ҳам дар Қуръону ҳадисҳои набавӣ аз масоили асосист, дар мадди аввал қарор мегирад ва андешаҳои башардўстӣ яке аз мавзўъҳои умдаи адабиётро ташкил медиҳад. Дар ситоиши инсон ҳамраъйии дину оин ва фарҳангу тамаддунҳои гуногун равшан мушоҳида мешавад.
Дақиқӣ, ки ошкоро ба оини зардуштӣ мўътақид будани худро таъкид мекунад ва аз он ифтихор ҳам дорад, ба аҳкоми ислому шариат низ комилан мувофиқ ва мўътақид аст. Ў дар қасидае, ки "яке зардуштворам орзуяст" мегўяд, дар ситоиши мамдўҳи худ аз теғи Ҳайдару набарди Хайбар, ғами Яъқуб аз ҳиҷрати Юсуф, оби Кавсар, Дулдул ва дигар масоили марбут ба ислом ёд мекунад. Ё худ дар шоҳасаре чун "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, ки ба эҳёи Эрони бостон ихтисос дорад, ҳарчанд мазаммати истилогарони араб ба назар мерасад, вале муқобилгузории динҳо ё хурдтарин беэътиноие нисбат ба ислому шариат мушоҳида намешавад.
Амирони сомонӣ бо вуҷуди мутадайину ғозӣ будан ба таассубу ифрот дар умури динӣ роҳ намедоданд ва дар қаламрави худ алорағми дасисаҳову таассуби мазҳабии халифаи Бағдод фазои нисбатан озоди маънавиро эҷод карданд, ки ин ҳам барои пешрафти сареъи адабиёт муҳити мусоид фароҳам меовард. Аз иттилооти манобеи таърихиву адабӣ бармеояд, ки дар он даврон дар Бухоро ва шаҳрҳои дигари қаламрави Сомониён намояндагони халқҳои гуногун, дину мазҳабҳои мухталиф озодона зиндагӣ ва фаъолият мекарданд, дучори таъқибу таҳқир намешуданд.

пешина
аз 625
навбатӣ