Равзанаи адаб

Дар нашри Саид Нафисӣ ба ҷои «роҳ» калимаи «роз» омадааст, ки дар ҳар ду маврид ҳам баҷост. Вале дар ин матни интиқодӣ ҳатто ба ихтилофи матн ё нусхаи бадал ишорае нашудааст. Аз ишораи Саид Нафисӣ маълум мегардад, ки дар «Тўҳфатулмулук», «Тарҷумонулбалоға» ҳамин тавр сабт шудааст, ки комилан саҳеҳ аст.
Л. Брагинская дар охири китоб таҳти унвони «Абёте, ки бори нахуст дар фарҳангҳо ба назар расидаанд» 8 байти тозаи мансуб ба Рўдакиро нақл кардааст, ки аз фарҳангҳои маълум ба даст омадаанд.
Маълум мешавад, ки мураттиб ҷустуҷўи осори шоирро идома надода, асосан ба ҳамон манобеъе, ки то он вақт машҳур буданд, қаноат кардааст. Бозёфтҳои солҳои охир дар ин замина ба даст овардани донишмандони тоҷик А. Мухторов, С. Имронов ва С. Шаҳобиддинов аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар фарҳангу баёзҳо ашъори Рўдакӣ фаровон аст ва дар сурати ҷустуҷўву талошҳо марворидҳои зиёдеро аз ганҷи осори гаронбаҳои ў пайдо кардан мумкин аст. Масалан, ховаршиноси рус З.Ворожейкина ҳанўз соли 1977 дар хусуси баёзи шўъбаи петербургии Академияи илмҳои Шўравӣ мақолае чоп карда, аз бозёфти 21 байти тозаи Рўдакӣ башорат дода буд. Вале мутаассифона, Л.Брагинская аз он истифода накардааст ва ҳатто ба он ишорае ҳам дар китоб ба назар намерасад. Чунин нусхаҳои хаттӣ дар китобхонаҳои олам зиёданд ва мунтазири муҳаққиқони осори шоир мебошанд.
Ҷашни 1100-солагии Сомониён марҳилаи тозаеро дар нашри осори Рўдакӣ боз намуд. Ба ин муносибат соли 1999 ду маҷмўаи осори шоир дар Душанбе ва Хуҷанд интишор ёфт.
Китоби «Насими Мўлиён», ки бо дебочаи муфассали Асрори Раҳмонфар ба табъ расидааст, нашри хуби оммавӣ буда, вале дар тақсимбандии шеърҳо ба навъҳо, имлои калимаҳои ҷудогона ва амсоли инҳо норасоиҳо дорад.
Китоби профессор Абдуманнон Насриддин дар асл маҷмўаи осори матншиносии муаллиф аст, ки матни девони Рўдакӣ ба он илова шудааст. Вале матни ин девон ҳам ҳанўз илмиву интиқодӣ набуда, дар асоси нашри Саид Нафисиву И. Брагинский бо иловаи ашъори бозёфтаи Алиашрафи Содиқӣ ва Л. Брагинская мураттаб гаштааст.
Маҷмўаи ашъори Рўдакӣ, ки бо кўшиши Масъуди Қосимӣ дар интишороти «Пайванд»-и сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба табъ расидааст, аз мукаммалтарин нашрҳои оммавии осори шоир маҳсуб мешавад.
Дар Эрон пас аз нашри китоби сеҷилдаи Саид Нафисӣ, мутаассифона, дар ҷамъоварии ашъори тозаи Рўдакӣ иқдоми ҷиддие ба вуҷуд наомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё