Равзанаи адаб

Солҳои охир чандин маҷмўаи осори шоир бо унвонҳои «Девони Рўдакӣ», «Девони комили Рўдакӣ»
чоп шуданд, вале бояд иқрор шуд, ки ҳеч кадом ба пояи нашри Саид Нафисӣ намерасанд. Ҳоло мо чанде аз он маҷмўаҳои осори шоирро, ки дастрас шудаанд, аз назар мегузаронем. Соли 1369 \ 1990 интишороти «Фахри Розӣ»-и Теҳрон «Девони Рўдакӣ»-ро бо тасҳеҳу муқаддимаи Исмоили Шоҳрўдӣ ба хатти Аббос Муставфиюлмамоликӣ ба табъ расонд, ки нашри оммавӣ буда, дар он манбаъу маъхазҳо ва нусхаи бадалҳо дода нашудаанд ва танҳо баъзе луғатҳо шарҳ ёфтаанд.
«Девони Рўдакӣ», ки бо танзим, тасҳеҳ ва назорати Ҷаҳонгири Мансур дар интишороти «Ноҳид»-и Теҳрон соли 1373 \ 1994 чоп шудааст, 1098 байти шоирро фаро гирифта, бо муқаддимаи муфассале оғоз меёбад, ки иқтибос ва талхис аз «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ»-и Саид Нафисӣ мебошад. Дар матни ашъори ин девон низ маъхазу манбаъҳо нишон дода нашудааст. Танҳо дар баъзе маврид дар поварақ тарзи навишти дигари мисолҳо бидуни зикри нусхаҳо нишон дода шудааст. Ҳамчунин танҳо дар як маврид матлаи қасидаи машҳури Рўдакӣ ба тарзи зер сабт шуда, тавзеҳ ёфтааст :
Боди ҷўи Мўлиён ояд ҳаме,
7 Бўи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Дар охири китоби мазкур «Калимоти маҳҷур ва матрук, ки дар шеъри Рўдакӣ омада» шарҳ дода шудаанд. Чунон ки маълум мешавад, ин нашр ҳам оммавӣ буда, ҷанбаи илмиву интиқодӣ надорад.
Худи ҳамон сол интишороти Донишгоҳи Аҳвоз таҳти унвони «Рўдакӣ – устоди шоирон» китоби доктор Нуруллоҳи Имомиро чоп кард, ки шарҳи ҳол ва гузидаи ашъори шоирро бо шарҳи мухтасар дар бар мегирад. Ин китоб ба сифати дастури таълимӣ барои донишҷўён таълиф шуда, ҷиҳати дарки амиқтари ашъори шоир мадад мерасонад. Дар баъзе мавридҳо ба ихтилофи матнҳои гуногун ва навишти саҳеҳи вожаҳо ишора шудааст.
Ниҳоят соли 1374 \ 1995 интишороти «Тўс» «Девони Рўдакӣ»-ро бо муқаддима ва шарҳу тавзеҳи Манучеҳри Донишпажўҳ ба табъ расонд, ки ашъори ба ҷой мондаи шоирро дар бар мегирад. Чунон ки дар муқаддимаи китоб зикр шудааст, мураттиб дар танзими матн асосан ба нашри Саид Нафисӣ такя намудааст.
Манучеҳри Донишпажўҳ дар тақсимбандии ашъори шоир ҳарчанд асосан ба нашри мазкур пайравӣ кардааст, вале баъзе навиҳо ворид сохта, аз ҷумла бори аввал девонро бо қисмати «Қитъаҳои Рўдакӣ» оғоз намудааст ва 28 қитъаи шоирро ба таври ҷудогона овардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё