Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас дар қисмати «Тағаззулҳо» ғазалҳо ва пораҳои қасидаҳои шоир ҷой дода шудаанд. Қисмати «Қасидаҳо»
се қасидаи комили шоирро дар бар мегирад. Дар қисматҳои баъдӣ «Марсияҳо», «Рубоиёт», «Абёти боқимонда аз маснавиҳои Рўдакӣ» ба тартиб ҷой дода шудаанд. Қисмати «Тавзеҳот»-и китоб муфассал буда, дар баробари иттилооти судманди таърихиву адабӣ ва фарҳангиву забонӣ баъзе ишораҳои матншиносӣ ҳам дорад, ки барои тасҳеҳи матни осори шоир муфиданд. Дар охири китоб манобеъ нишон дода шудааст, вале азбаски ин китоб ҳам ба усули нашри оммавӣ ба табъ расидааст, дар он тафовуту ихтилофи матн дода нашудааст. Бо вуҷуди ин китоби мазкурро метавон аз зумраи беҳтарин нашрҳои оммавии осори шоир шумурд.
Ҳарчанд маҷмўаи осори боқимондаи Рўдакӣ борҳо ба таври гуногун ҳам бо усули оммавӣ ва ҳам ба тариқи илмиву интиқодӣ ба табъ расидааст, вале ҳанўз девони ашъори комилан мўътамаду тасҳеҳёфтаи шоирро дар даст надорем. Бо саъю кўшиши донишмандони кишварҳои гуногун абёти парешони шоир аз тазкираву фарҳангҳои зиёд ҷамъоварӣ шудааст, вале ҳанўз дар баёзу сафинаҳои хаттии китобхонаҳои Ҳиндустону Покистон, Туркияву Озарбойҷон, Гурҷистону Арманистон, Тоҷикистону Ўзбекистон ашъору абёти кашфнашудаи ў зиёданд. Бесабаб нест, ки солҳои охир дар натиҷаи талошу ҷустуҷўйҳои донишмандон А.Мухторов, З.Н.Ворожейкина, Алиашраф Содиқӣ, А.Абдуллоев, Аскар Иршодии Саробӣ, С.Шаҳобудинов, С.Имронов чанд абёту пораҳои тозаи ашъори устод Рўдакӣ ба даст омадаанд, ки ҳанўз ба маҷмўаҳои чопии шоир ворид нагаштаанд.
Вақти он расидааст, ки маҷмўаи ҷомеъи осори боқимондаи Рўдакӣ чоп карда шавад, зеро танҳо матни саҳеҳу ба замони шоир наздик метавонад асоси устувори таҳқиқоту баррасиҳои судманди илмӣ бошад.
Аввалан аз манобеъи гуногун чун тазкираву фарҳангҳо, рисолаҳо, мақолаҳо, ҷунгу баёзҳо ашъори Рўдакӣ бояд ҷамъоварӣ гардад, сониян маҷмўаи осори боқимондаи шоир бо зикри ҳамаи тафовуту нусхаи бадалҳо ва таҳқиқи амиқи матншиносӣ чоп карда шавад.

пешина
аз 625
навбатӣ