Равзанаи адаб

Дарвоқеъ ному осори устод Рўдакӣ дар он солҳо ба як рамзу василаи худогоҳиву худшиносии мардуми тоҷик табдил ёфта буд.
Зиёиёни тоҷик Тўрақул Зеҳнӣ дар рўзномаи «Овози тоҷик» ва Деҳқон дар маҷаллаи «Дониш ва омўзгор» масъалаи таҷлили ҷашни 1000-солагии Рўдакиро ба миён гузоштанд. Комиссариати маорифи Тоҷикистон ин пешниҳодро пазируфт ва 23-уми марти соли 1926-ро «Рўзи Рўдакӣ» эълон намуд4. Дар ҳақиқат, ҷашни 1000-солагии бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс «ҳисси худшиносии халқи меҳнаткашро боз ҳам баланд бардошт». Устод Айнӣ на танҳо таваҷҷўҳи зиёиёни тоҷикро ба аҳволу осори поягузори адабиёти классикии тоҷику форс ҷалб намуд, балки худ талошу ҷустуҷўйҳои илмиро перомуни шоири бузург идома дод. Ў маълумоти асарҳои муаррихон, сайёҳону ҷуғрофиядонон ва тазкиранигорони арабу эронӣ - Самъонӣ, Идрисӣ, Утбӣ, Муҳаммад Авфӣ ва дигаронро мавриди таҳқиқи амиқ қарор дода, дар масъалаи муайян кардани зодгоҳи шоир ба кашфиёти муҳимми илмӣ ноил гардид. Ў маҳалли дақиқи қабри Рўдакиро таъин намуда, дар номаҳои худ ба Деҳотӣ ва масъулони дигар зарурати фиристодани як ҳайати илмиро ба деҳаи Панҷрўди ноҳияи Панҷакент таъкид намуд. Мақолаи «Қабри устод Рўдакӣ дар деҳаи Рўдак» натиҷаи ин ҷустуҷўйҳои илмӣ буд, ки аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1940, №5), сипас дар маҷмўаи «Устод Рўдакӣ» (Сталинобод, 1940) ба забонҳои тоҷикиву русӣ чоп гардид.
Рисолаи «Устод Рўдакӣ»-и С. Айнӣ аввалин асар дар адабиётшиносии тоҷик буд, ки шарҳи ҳоли муфассали шоирро дар асоси маълумоти сарчашмаҳои адабиву таърихӣ баён намуда, муҳимтарин асарҳои ўро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.
Дар ин рисола ҳамчунин дар бораи замони шоир, муҳити адабиву фарҳангии ў маълумот дода шуда, бори аввал ашъори парокандаи шоир аз сарчашмаҳо ҷамъоварӣ ва дарҷ гардидааст.
Ба хидмати шоистаи устод Айнӣ дар таҳқиқи аҳволу осори Рўдакӣ ва ҷамъоварии осори ў донишмандон, аз ҷумла Саид Нафисӣ, А.Мирзоев, Р.Ҳодизода ва дигарон баҳои баланд додаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё