Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар соли 1940 дар Тоҷикистон ҳамчунин мақолаи С.Улуғзода «Устод Абулҳасани Рўдакӣ» дар китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» чоп шуд, ки он дар асоси маълумоти «Тазкиратушшуаро», «Оташкада» ва «Хизонаи омира» таълиф шудааст.
Дар ҷилди аввали китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»- и Б. Ғафуров, ки соли 1947 ба табъ расид, дар зимни баррасии муфассали вазъи фарҳангиву адабии давраи Сомониён шарҳи ҳоли Рўдакиро низ дарҷ карда, ба осори ў баҳои баланд дода шудааст.
Адабиётшинос Ш. Ҳусейнзода дар як силсила мақолаҳои худ хонандагонро бо шарҳи ҳол ва мўҳтавои осори Рўдакӣ ошно менамояд. Мақолаҳои «Доно ва сухансарои Панҷруд», «Падар ва муррабии адабиёти тоҷик», «Офаринандаи шеър ва инсондўсти бузург» аз ҳамин зумраанд.
Масъалаи тарзи таълими аҳволу осори Рўдакӣ дар мактабҳои миёна дар мақолаи методии Ғ.Мирзоев «Коркарда баромадани мавзўи «Устод Абў Абдулло Рўдакӣ» дар синфи VIII»
баррасӣ гардидааст.
Дар ин давра дар як зумра асарҳое, ки ба таҳқиқи таърихи адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои миёна бахшида шуданд, зимнан роҷеъ ба Рўдакӣ низ сухан рафтааст. Аз ҷумла дар асари М.Орифӣ «Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик» фасле ба мавзўи «Баъзе масъалаҳои тарбия дар эҷодиёти Абў Абдулло Рўдакӣ» бахшида шудааст. Дар зимни асарҳои А.Деҳотӣ, М.Фозилов, Б.Сирус, Ш.Ҳусейнзода, Х.Мирзозода ва дигарон низ ба Рўдакӣ ишораҳо шудааст.
Ҳарчанд пас аз асарҳои С. Айнӣ ва Саид Нафисӣ дар давраи дувум роҷеъ ба Рўдакӣ чизи тозае гуфта нашуд, вале асарҳои мазкур барои бештару беҳтар ошно шудани мардум бо шоири бузург ва андешаҳои баланди иҷтимоиву ахлоқи ў мусоидат намуданд.
Давраи сеюми рўдакишиносӣ дар Тоҷикистон хеле пурбор ва пургунҷоиш буда, дар он таҳқиқу нашри осори Рўдакӣ хеле вусъат ва густариш пайдо мекунад.
Пас аз интишори қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани ҷашни 1100-садсолагии рўзи таваллуди классики бузурги адабиёти тоҷик Рўдакӣ» дар соли 1955 таваҷҷўҳ ба аҳволу осори Рўдакӣ хеле зиёд гардид.
Корманди илмии Институти забон ва адабиёт М.Занд ба омўзиши андешаҳои иҷтимоии Рўдакӣ ва муосиронаш пардохта, дар ин мавзўъ ба забонҳои тоҷикиву русӣ мақолаҳо чоп мекунад.
Рисолаи «Соҳибқирони шоирӣ – устод Рўдакӣ»-и М.Занд аз аввалин китобҳое буд, ки дар остонаи ҷашн чоп шуда, оммаи васеи хонандагонро бо осори шоири бузург ва арзишҳои ахлоқиву тарбиявии он ошно намуд.

пешина
аз 625
навбатӣ