Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Адабиётшинос Х.Мирзозода дар як зумра мақолаҳояш масъалаҳои мақоми Рўдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс, андешаҳои гуногуни иҷтимоиву ахлоқии ўро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар мақолаҳои илмиву оммавии Т. Маҳмуд масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ахлоқиву башардўстӣ дар ашъори Рўдакӣ ва таъсири ў ба осори шоирони дигар матраҳ шудаанд.
Рисолаи дигаре, ки дар ин давра интишор ёфт, асари А.Мирзоев «Рўдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV»
мебошад, ки ба забонҳои тоҷикӣ (ҳуруфи форсӣ) ва баъдтар русӣ ба чоп расид. Дар ин рисолаи илмӣ донишманди тоҷик пеш аз ҳама масъалаи пайдоиш ва ташаккулу такомули ғазалро дар адабиёти тоҷику форс мавриди баҳс қарор дода, нақши Рўдакиро дар ташаккули он бо далелҳои фаровон нишон медиҳад ва сипас сайру такомули ғазалро то қарни XV пайгирӣ менамояд.
Дар мақолаҳои А.Деҳотӣ, Ш.Ҳусейнзода, А.Насриддинов, А.Сайфуллоев, А.Ғаффоров, Р.Ҷўраев ва дигарон ҷанбаҳои гуногуни осори Рўдакӣ таҳлил гаштаанд.
Муҳимтарин асаре, ки ба муносибати ҷашн дар Тоҷикистон ба табъ расид, монографияи А.Мирзоев «Абў Абдулло Рўдакӣ»
буд. Ин асари барҷастаи илмӣ дар таърихи рўдакишиносӣ ҷойгоҳи хос дошта, то имрўз арзиши худро чун асари ҷомеъи илмӣ нигоҳ доштааст. Асар аз шаш боб иборат буда, муҳимтарин масоили замон, рўзгор, осори шоир ва таҳлилу баррасии мавзўъ ва мундариҷаи ашъори ўро дар бар гирифта, мақоми шоирро чун сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик муайян намудааст.
Тавре ки худи муаллиф дар асар таъкид намудааст, барои дар як муддати кўтоҳ таълиф шудани чунин асари барҷастаи илмӣ таҳқиқоти сеҷилдаи адабиётшиноси маъруфи Эрон Саид Нафисӣ кўмак расондааст. А.Мирзоев ҳарчанд аз маводи фаровоне, ки Саид Нафисӣ аз сарчашмаҳои адабиву таърихӣ ва осори муҳаққиқони Ғарб ҷамъ овардааст, истифода кардааст, вале мулоҳизаҳову таҳлилҳои амиқи илмии ў ва баҳсҳои зиёде, ки пиромуни масоили гуногуни аҳволу осори шоир баён кардааст, арзиши илмии асари ўро дар рўдакишиносӣ муайян мекунад.
Бесабаб нест, ки ин асар ба ҳуруфи форсӣ дар Душанбе ва Теҳрон ва тарҷумаи русии он дар шаҳри Маскав ба табъ расид ва аз ҷониби донишмандони олам баҳои баланд гирифт.
Китоби дигаре, ки дар рўзҳои ҷашн ба табъ расид, маҷмўаи мақолоти «Рўдакӣ ва замони ў» буд, ки 18 мақолаи донишмандони тоҷик, рус, фаронсавӣ ва гурҷиро дар бар мегирад.

пешина
аз 625
навбатӣ