Равзанаи адаб

Май орад шарафи одамӣ падид,
Озодамард аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид.
Тавре ки маълум аст, май дар шеъри форсӣ аз сувари хаёлҳои хеле маъмул буда, маъниву тобишҳои гуногунро ифода менамояд. Вале дар ашъори Рўдакӣ ва муосиронаш он ба маънии аслии худ истифода шуда, ҳанўз маънии маҷозӣ ва рамзиро, кти дар қарнҳои баъд, ба хусус двр ашъори сўфиёна пайдо кард, надошт.Ў ҳатто дар қасидаи маъруфи «Модари май» тарзи омода кардани онро батафсил тасвир кардааст. Рўдакӣ дар тасвиру тавсифи май маҳорати баланди суханварӣ ба харҷ дода, тасвирҳои ҷолиб офаридааст. Аз ҷумла дар байти зер тавассути истифодаи моҳиронаи таҷнис андешаи баланди ҳаётдўстиро баён намудааст:
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод!
Василаи дигари шодиву тараб дар ашъори Рўдакӣ суруду мусиқӣ аст, ки ба хушгузаронии вақт мусоидат менамоянд.
Рўдакӣ, ки худ мутриби чирадаст буда, дар навохтани чангу рўд маҳорати зиёд дошт, базми шодиву тарабро бидуни мусиқӣ тасаввур намекунад:
Рўдакӣ чанг баргирифту навохт, Бода андоз, к-ў суруд андохт. Маю мусиқӣ дар ашъори шоир аксаран бо ҳам омада, шодиву нишоти инсонро бештар месозанд ва зебоии маъшуқ ва ҳаётро дар назари ў рангинтару равшантар ба ҷилва меоранд:
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой,
Ба як даст ҷому ба як даст чанг!
Аз он май маро деҳ, ки аз акси ў
Чу ёқут гардад ба фарсанг санг.
Ба пайванди ногусастании ин се омили шодиву нишот дар
ашъори Рўдакӣ Саид Нафисӣ низ ишора намуда, зарурати онҳоро
таъкид кардааст: «Ишқу бода ва мусиқӣ се мулозиманд, ки ҳар як
бе ду мулозими дигар зоеъ аст». Вале омилҳои шодиву тараб дар
ашъори Рўдакӣ бо инҳо маҳдуд намегардад ва омили муҳими дигаре, ки дар ин замина нақши муҳим дорад, табиат ва зебоиҳои он аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё