Равзанаи адаб

Зебоиву таровати манзараҳои табиат ба хусус дар фасли баҳор ба инсон рўҳу лаззати тоза мебахшанд. Қасидаи баҳорияи шоир, ки бо тасвири зебоиҳои нотакрори ин фасл шурўъ мешавад, тавсифи муфассали манзараи табиатро дар бар гирифта, бо талқини хушгузаронии вақт ба поён мерасад. Шоир бо тасвири зебоиҳои табиат таваҷҷўҳи инсонро ба хушиҳои зиндагӣ ҷалб намуда, ба лаззатбардорӣ аз ин неъматҳо ва шоду хушҳол будан даъват мекунад:
Акнун хўред бодаву акнун зиед шод, К-акнун барад насиб ҳабиб аз пайи ҳабиб. Дар қасидаи мазкур ҳамоҳангиву ҳамнавоии табиати зебову инсони шоду хуррам ба назар мерасад. Тавре ки Саид Нафисӣ навиштааст, «кадом ғамгин аст, ки бад-ин абёт шод нагардад ва кадом сўгвор аст, ки бад-ин ашъор мусибати хеш фаромўш накунад». Дарвоқеъ дар ашъори Рўдакӣ ҷанбаҳои масарратбахши табиат ба ҷилва омадаанд.Унсурҳои табиат низ мисли инсон шодиву тараб мекунанд, гулҳо механданд, мурғакон хушҳолона чаҳ-чаҳ мезананд, об аз дидори дўст нишот мекунад.
Дар табиат низ омезиши шодиву ғам ба назар мерасад, вале шодиии он ҳамеша болотару бештар аз ғами он аст:
Ба навбаҳорон бистой абри гирёнро, Ки аз гиристани ўст ин замин хандон. Хушгузаронии умр дар ашъори Рўдакӣ бо андешаҳои фалсафии ў низ иртибот дорад, ки дар ин бора баъзе муҳаққиқон ишораҳо кардаанд. Аз ҷумла ҳанўз Шиблии Нуъмонӣ ба робитаи андешаҳои лаззатҷўёнаи Рўдакӣ ва фалсафаи гедонистии ҳакими юнонӣ Эпикур ишора карда навишта буд: «Фалсафаи Эпикур ва Умари Хайёмро занни қавӣ он аст, ки ў аввал аз ҳама дар форамӣ ба мо гўшзад намуда, чунон ки гўяд:
Шод зӣ, бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод».
Муҳаққиқони эронӣ Ҷаъфари Шиор ва Ҳасани Анварӣ низ ба андешаҳои эпикурии Рўдакӣ ишора кардаанд:«Ҳатто метавон гуфт, ки дар андешаҳои ў навъе тафаккури эпикурӣ мушоҳида мешавад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё