Равзанаи адаб

Агар ба давлат ба Рўдакӣ на ҳамсонам, Аҷаб макун, сухан аз Рўдакӣ на кам донам.
Агар ба кўрии чашм ў биёфт гетиро, Зи баҳри гетӣ ман кўр буд натвонам.
Ҳазоряк з-он, к-ў ёфт аз атои мулук,
5 Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.
Ҳамаи муҳаққиқони гурўҳи аввал, аз ҷумла А. Тоҳирҷонов абёти мазкурро «далели қавитарини» кўри модарзод будани Рўдакӣ донистаанд. Вале ба назари мо дар шеъри боло Абўзироа иддао дорад, ки Рўдакӣ барои дарёфти сарвату давлат нури чашмони худро аз даст дода кўр шуд, аммо ман намехоҳам барои сарват кўр шавам. Яъне Абўзироа аз рўи ҳасад ба Рўдакӣ таъна задаст, ки барои молу сарват тамоми ҳастии худро бахшидааст. Ба кўри модарзод ҳеч гоҳ чунин таънаро раво намедоранд, зеро он кори Худованд дониста мешуд, ки ба ихтиёри банда нест. Бинобар ин барои ба субут расондани андешаи кўри модарзод будани Рўдакӣ ҳанўз далели қавӣ мавҷуд нест. Аз ин ҷост, ки баъзе муҳаққиқони гурўҳи аввал ҳам ба ин андеша шак овардаанд. Яке аз аввалин донишмандоне, ки ба кўри модарзод будани Рўдакӣ шубҳа намудааст, Ҳерман Эте мебошад. Ў дар рисолаи худ аввал дар чанд маврид бо таъсири маълумоти «Лубобулалбоб» ва сарчашмаҳои дигар таъкид кардааст, ки Рўдакӣ «басар надошт», «аз модар нобино омада», вале дар поёни асар ба нобиноии шоир шубҳа кардааст. Як гурўҳ донишмандон аз қабили Саид Нафисӣ, Е.Э.
Бертелс, Абдулҳусейни Заринкўб, Муҷтабо Минувӣ, А. Мирзоев, М. Герасимов, М, Занд, А. Бертелс, Х. Мирзозода андешаи кўри модарзод будани Рўдакиро рад намуда, дар охири умр кўр карда шудани ўро таъкид кардаанд. Далели асосиии ин гурўҳ қабл аз ҳама маълумоти Аҳмад ибни Алӣ ибни Умар Алманинӣ дар шарҳи китоби Яминӣ ва Ҳамидиддин Абўабдуллоҳ Маҳмуд ибни Умар Наҷотии Нишопурӣ дар «Басотинулфузало ва раёҳинулуқало» мебошад, ки дар қарни У111 ҳ. таълиф шудаанд.
Ишораи Наҷотӣ «ва қад самала фӣ охири умруҳу», яъне дар охири умр чашмашро мил кашиданро далел қарор дода, Саид Нафисӣ ва пайравони ў бо мисолҳои зиёд аз ашъори боқимондаи шоир, ки дар онҳо тасвирҳои басарӣ ҷой доранд, ин андешаро идома доданд.
Дар рўдакишиносии шўравӣ андешаи кўр кардани шоир зуд қабул гардид ва муҳаққиқон саъй менамуданд, ки онро бо далелҳои тоза тақвият диҳанд. Ин пеш аз ҳама ба ҷанбаи иҷтимоигароии адабиётшиносии шўравӣ бастагӣ дошт. Зеро кўр кардани шоир аз тарафи ҳокимон барои баланд намудани мақоми иҷтимоии ў далели қотеъ маҳсуб мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё