Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷост, ки ҳатто мардумшиноси маъруфи шўравӣ М. Герасимов маҳз ба ҳамин хотир саъй намудааст, ки фарзияи кўр кардани шоирро ба ҳар роҳу васила тақвият бахшад. Дар ин роҳ ў ҳатто ба сохтакориву бемантиқиҳо роҳ додааст, ки онҳоро А. Тоҳирҷонов бо далелҳои муътамад нишон додааст.
Муҳаққиқон барои таъйиди ин қазия сабаби кўр кардани Рўдакиро аз иртиботи ў бо қарматиён донистаанд. Ин масъаларо низ А. Тоҳирҷонов хеле амиқ баррасӣ намуда, дар фасли «Афсонаи қарматӣ будани Насри дувум ва наздикони ў. Оё Рўдакӣ қарматӣ буд ?» бо далелҳои фаровон ба чунин натиҷа мерасад, ки «Насри дувум, Балъамӣ ва Рўдакӣ бо қарматиҳо ҳеч муносибате надоштанд. Ҳикоёти роҷеъ ба азли Насри дувум, қатли Балъамӣ ва кўр кардани Рўдакӣ бо ҳақоиқи таърихӣ мувофиқ нест».
Яке аз далелҳои нобино донистани Рўдакӣ ишораҳои Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Носири Хусрав ба «шоири тирачашм»
будани ўст, ки аксари муҳаққиқон ба он такя кардаанд. Аз ҷумла Дақиқӣ гуфтааст :

Устод Шаҳид зинда боястӣ
8 В-он шоири тирачашми равшанбин.
Ҳамаи муҳаққиқон тавсифи тирачашмро ба маънии кўр пазируфтаанд. Вале дар забони форсӣ (тоҷикӣ ) «тира» маънии тамоман сиёҳро надорад ва муродифи вожаи хира мебошад, ки тобиши маъноии ниматорикро медиҳад. Масалан Фирдавсӣ борҳо калимаҳои тираранг, тирафомро ба ҳамин маъно истифода кардааст:
Ҳаво тирафому замин тира гашт, Ду дида дарун андарун хира гашт.
-х- Ҳам андар замон тирагун шуд ҳаво, Ба зер омад он мурғи фармонраво.
Дар байти зайли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ тира ба маънии хилофи равшан истифода шудааст:

Тирачашмему дар оби равшанем,
10 Мо чу киштиҳо ба ҳам бармезанем.
Дар асарҳои Саид Нафисӣ, А. Мирзоев, Насруллоҳ Имомӣ, Аълохон Афсаҳзод ва амсоли онҳо мисолҳои фаровоне оварда шудаанд, ки кўри модарзод будани Рўдакиро рад менамоянд ва ниёз ба зикри онҳо нест.

пешина
аз 625
навбатӣ