Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро дар қасида ба муҳимтарин лаҳзаҳову ҷанбаҳои ҳаёту шахсияташ амсоли дар ҷавонӣ зебову хушандом, сияҳмўю симдандон, ҳамеша хушҳолу шодон будан, ишқварзиҳои зиёдаш, дорои истеъдоди баланди сухандониву сурудхонӣ ва мутрибӣ буданаш, сипас соҳиби зану фарзанд гаштанаш, хидмат дар дарбор, шўҳрати ашъораш, робита бо сарватмандон, дарёфти атоҳои фаровон ва ғайра ишора шудааст. Зимнан бояд гуфт, ки дарвоқеъ дар қасида тасвири шахсият хеле муҳим мебошад. Агар дар ғазал ва навъҳои дигари шеър тасвири олами ботинии инсон ба таври кулливу умумӣ сурат гирад, дар қасида тасвир бештар ҷанбаи инфиродӣ дошта, шахсияти мамдўҳ(дар қасидаи мадҳӣ) ва ё шахсияти худи шоир (дар қасидаи ҳасбиҳолӣ) таҷассум меёбад.
Аз ин рў дар қасидаи мазкур шахсияти шоир ва қаҳрамони ғиноии шеър айният доранд. Байти охирин ё мақтаи қасидаи мазкур ҳам далели қотее мебошад, ки кўри модарзод будани шоирро рад менамояд :

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
14 Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.
Тавре ки маълум аст, ҳеч кўри модарзод бидуни асо ҳаракат карда наметавонад, яъне олату ёвари асосии кўрон аз қадимулайём то имрўз асо мебошад. Агар Рўдакӣ кўри модазод мебуд, дар охири умр намегуфт, ки акнун навбати ба даст гирифтани асо расидааст. Шояд баъзе муҳаққиқон ҳамон тавре ки А. Тоҳирҷонов нисбат ба калимаҳои марбут ба дидану шунидан гуфтааст, иддао кунанд, ки дар байти мазкур асо гирифтан ба маънии маҷозӣ истифода шудааст. Албатта, асо гирифтан дар забони тоҷикӣ маънои маҷозии пиру нотавон шудан, хамидақомат гаштан, мўҳтоҷ шудан ва ҳатто азодор шуданро медихад. Вале дар байти мазкур калимаи асо ду бор такрор шудааст ва асои аввал, ки бо таъкид зикр ёфтааст, маънии асливу воқеиро дорад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки биноии Рўдакӣ дар ҳақиқат заиф, яъне тира будааст, ки он ё ба таври модарзодӣ ва ё бар асари беморӣ ба вуҷуд омадааст.
Табиист, ки сустиву заифии биноӣ бо мурури замон бештар гардида, дар охирҳои умри шоир боиси нобино гаштани ў шудааст.
Аз рўдакишиносон ба ин натиҷа бори аввал А. Мирзоев наздик шуда буд, Ў дуруст ба мушоҳида гирифта буд, ки Рўдакӣ заъфи биноӣ доштааст . Ў эҳтимоли ба бемории оби марворид гирифтор шудани шоирро таъкид карда буд, ки комилан табиист ва имрўз ҳам зиёд ба назар мерасад.

пешина
аз 625
навбатӣ