Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз муҳимтарину мўътамадтарин сарчашмаҳо дар бораи рўзгори Рўдакӣ ашъори худи ўст, ки мутаассифона, муҳаққиқон ба он камтар таваҷҷўҳ кардаанд. Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ ба кўрии ў сареҳан ишора нашудааст. Танҳо дар қитъаи зер таъбири «кўрӣ кардан» ба назар мерасад, ки шоир хитобан ба ровиаш Маҷ гуфтааст:

Эй Маҷ, кунун ту шеъри ман азбар куну бихон, Аз ман дилу сиголиш, аз ту тану равон.
Кўрӣ кунему бода хўрему бувем хуш,
11 Бўса диҳем бар ду лабони паривашон.
Аълохон Афсаҳзод таркиби «кўрӣ кардан»-ро ба маънии «айш рондан ва худро ба ғафлату фароғат задан ва зиндагиро нодида ангоштан» шарҳ додаст12. Вале ба назари мо дар шеъри мазкур таркиби «кўрӣ кардан»-ро ба маънии аслиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст. Зеро дар байти аввал шоир ба ровӣ муроҷиат намуда, азбар кардану хондани шеърҳои навашро хостааст. Шеъри мазкур ба эҳтимоли қавӣ дар давраи пирии шоир пас аз нобино гаштанаш навишта шудааст. Шоири хушбину ҳаётдўст бо вуҷуди нобиноӣ хушгузаронии умрро авло дониста талқин намудааст.
Рўдакӣ дар қитъаи дигари худ, ки он ҳам дар давраи пирӣ гуфта шудааст, ба шоири ҳамзамонаш Хусравонӣ, ки ўро барои ранг кардани мўй таъна задаст, чунин ҷавоб медиҳад:

Ман мўйи хешро на аз он мекунам сиёҳ, То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
13 Ман мўй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
Шеъри мазкур низ далели биноии шоир мебошад. Зеро шахси нобино аввалан ба зинати зоҳирӣ ва ранг кардани мўй машғул намешавад ва ниёз ҳам надорад. Вале шоири ҳаётдўст аз як тараф барои ҳифзи зебоӣ ва ҳусни худододи худ ва аз сўйи дигар ҷиҳати мубориза бар пирӣ ба ин кор даст задааст.
Сониян шоир дар шеъри мазкур танҳо аз мусибати пирӣ ёд кардааст. Агар ў кўри модарзод мебуд ва ё вайро кўр мекарданд, ҳатман ба он мусибатҳо ишора менамуд.
Дар ин масъала ба хусус қасидаи ҳасбиҳолии «Шикоят аз пирӣ»- и Рўдакӣ, ки хушбахтона, то имрўз комилан боқӣ мондааст, далели мўътамад мебошад. Худи набудани ишорае ба кўри модарзод будани шоир дар ин қасида беҳтарин далел аст.
Рўдакӣ дар қасидаи мазкур ҳам асосан аз пирӣ шикоят кардааст, ки сабаби кўрии ў гаштааст. Агар Рўдакӣ кўри модарзод мебуд ва ё ўро кўр мекарданд, ҳатман шикоят аз тақдиру душманон мекард.

пешина
аз 625
навбатӣ