Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Девон ё девонҳои ашъори шоир бо мурури замон бар асари ҳамлаҳои харобиовари аҷнабиён нобуд гардида, танҳо чанд порае аз онҳо тавассути сарчашмаҳои гуногун то имрўз расидаанд. Бо талошу ҷустуҷў ва кўшишҳои пайгиронаи донишмандони кишварҳои гуногун тақрибан 1100 байт аз ашъори шоир ҷамъоварӣ ва нашр шудааст. Вале азбаски нусхаҳои қадимии он сарчашмаҳо ҳанўз ба даст наомадаанд, дар миёни ашъори ҷамъоваришуда шеъру байтҳои машкук кам нестанд. Барои ҷудо кардани он шеърҳо низ муҳаққиқон корҳои зиёде анҷом додаанд. Бо вуҷуди ин ҳанўз дар маҷмўаҳои ашъори устод Рўдакӣ байту шеърҳои шубҳаовар ба назар мерасанд, ки шеъри машҳури «Бихандад лола дар саҳро» аз ҷумлаи онҳост.
Ин шеър дар баъзе маҷмўаҳои ашъори Рўдакӣ, ки дар Тоҷикистон ва Эрон ба табъ расидаанд, ҷой дода шудааст. Он ҳамчунин дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон борҳо ҳамчун шеъри Рўдакӣ чоп шуда, дар байни мардум паҳн гаштааст. Онро сарояндаи тоҷик Тўҳфа Фозилова бо оҳанги дилнишин сурудааст. Имрўзҳо низ суруди мазкурро сарояндагони зиёде бо оҳанги марғуб месароянд. Суруд аз ду байти зер иборат аст:

Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷўй ҳар соат ҳаме бўи гулоб ояд,
Дар ў шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.

Шеъри «Бихандад лола дар саҳро» бори аввал ба номи
Рўдакӣ дар асари «Устод Рўдакӣ»-и С. Айнӣ ба назар мерасад, ки
ҳамчун намунаи барҷастаи тасвири табиат зикр мешавад. Вақте ки
С. Айнӣ охири солҳои 30 асри ХХ ба ҷамъоварии ашъори
Рўдакӣ машғул шуд, ҳолиё сарчашмаҳои зиёде ба ў дастрас
набуданд. Дар ин бора ў дар муқаддимаи китоби мазкур
навиштааст: «ёфтани шеърҳои устод Рўдакӣ аз тафтиши шахсияти
ў ҳам душвортар буд. Мо дар ин бора маҷбур шудем, ҳар
байтеро, ки дар ҳар ҷо бинем, гирем. Бештарини ин байтҳо он
гуна байтҳоянд, ки аз ғазалҳо, қасидаҳо, қитъаҳо ва достонҳои
устод бесарубун шуда (бе аввалу охир) мондаанд». «Бихандад
лола дар саҳро» низ аз ҷумлаи ҳамин гуна шеърҳо буд. Ин шеър,
ки дар ҳақиқат хеле соддаву хушоҳанг аст, дар байни мардуми
тоҷик шўҳрат пайдо кард. Аз ҷумла, Р. Амонов дар зимни
мақолае шеъри мазкурро оварда, навиштааст: «Ҳусни табиии
Панҷрўдро тамошо мекардему беихтиёр мисраъҳои ҷонбахши
устод Рўдакӣ ба хотир мерасид». Шеъри мазкур сипас дар маҷмўаи «Рўдакӣ.

пешина
аз 625
навбатӣ