Равзанаи адаб

Шеърҳо» (муратибон У. Каримов, С. Саъдиев), «1000 мисраи Рўдакӣ» (мураттиб Р. Ҳодизода), «Девони Рўдакӣ»
(мураттиб Манучеҳри Донишпажўҳ) ва ғ. ба табъ расидааст.
Дар маҷмўаҳои таҳия кардаи Саъид Нафисӣ, А. Мирзоев ва Д. Комиссаров шеъри «Бихандад лола дар саҳро» ба назар намерасад. Саид Нафисӣ унвони шеърҳои Қатронро, ки ба Рўдакӣ нисбат медоданд, зикр намуда, таъкид мекунад, ки «ҳеҷ як аз ин 41 қасида, қитъа ва тағаззул, ки аз ашъори Қатрон ба Рўдакӣ нисбат додаанд, аз сухани Рўдакӣ нест, қатъан аз Қатрон аст». Зимнан бояд ёдовар шуд, ки масъалаи муносибати Қатрон бо Рўдакӣ ва тахлиту омехтагии ашъори онҳо ҳарчанд дер боз таваҷҷўҳи муҳаққиқонро ҷалб менамояд, вале то ҳол ҳал нашудааст ва ниёз ба баррасии амиқтар дорад. Бори авввал дар ин бобат муаллифи «Тазкираи майхона» Ҳасани Розӣ ибни Лутфуллоҳи Теҳронӣ баҳс карда, сабаби омехтагии ашъори онҳоро дар шабоҳати номҳои мамдўҳонашон донистааст. Сипас роҷеъ ба ин масъала муаллифи тазкираи «Маҷмаъулфусаҳо» Ризоқулихони Ҳидоят, ховаршиноси англис Денисон Росс, устод Саъид Нафисӣ ва А. Мирзоев дахл намуда, изҳори назар кардаанд. Онҳо ба субут расондаанд, ки омезиши ашъори Рўдакӣ ва Қатрон аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»
шурўъ шуда, бештар дар асарҳое ба назар мерасад, ки дар Ҳиндустон навишта шудаанд. Дар натиҷаи талошу ҷустуҷўйҳои зиёд ба онҳо муяссар гардид, ки ҳатталимкон ашъори ин ду шоирро муаян намоянд. Аз ҷумла Саид Нафисӣ ба 44 шеъре, ки дар маҷмўаҳои ашъори Рўдакӣ мавҷуданд, ишора намуда, ба Қатрон тааллуқ доштани онҳоро таъкид кардааст.Яке аз он шеърҳо «Бихандад лола дар саҳро» мебошад, ки ба шумораву саҳфаи он ишора шудааст.
Ҷустуҷўйҳо нишон доданд, ки дар ҳақиқат «Бихандад лола дар саҳро» порае аз ҳамон шеърҳоянд, ки мутааллиқ ба Қатрон мебошанд. Дар девони Қатрон қасидае мавҷуд аст, ки ба мадҳи Амир Абулфатҳ бахшида шуда, аз 35 байт иборат аст ва бо матлаи зер оғоз меёбад:
Маҳи найсон шабехун кард чун бар он маҳи конун,
Ки гардун гашт аз ў пургарду ҳомун гашт аз ў пурхун
.
Байти ҳаштуми ин қасида чунин аст:
Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун
.
Байти даҳуми қасидаи мазкур ин аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё