Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи оби ҷўй ҳар соат ҳаме бўи гулоб ояд, Дар ў шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун
.
Тавре ки мебинем, шеъри «Бихандад лола дар саҳро» аз ду байти мазкури қасидаи Қатрон таркиб ёфтааст. Ба эҳтимоли қавӣ байтҳои мазкур бо содагиву таровати худ таваҷҷўҳӣ хонандаеро ҷалб намудаанд ва ў онҳоро шояд дар баёзе ба номи Рўдакӣ сабт намудааст, ки мавриди истифодаи устод С. Айнӣ қарор гирифтааст.

Фирдавсӣ – шоири асри Х
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ шоҳкори адабиест, ки дар муддати хеле тўлонӣ-беш аз сиву панҷ сол иншо шудааст.
Фирдавсӣ замоне ба навиштани ҳамоса шурўъ кард, ки давлати пуриқтидори Сомониён рушди сареъи худро қатъ намуда, даврони ошуфтагиву таназзулро ба сар мебурд. Аз ҷумла, сипоҳи туркон дар умури давлатдорӣ асари зиёд расонда, бо кўшиши Алптегин дар Ғазнин пояҳои давлати ояндаи туркони ғазнавӣ гузошта мешуд. Ин вазъи ногувор барои амнияти ватан Фирдавсиро водор намуд, ки ба иншои «Шоҳнома» пардозад, то бо эҳёи гузаштаи пурифтихор эҳсоси худшиносии миллии эрониёнро аз хомўш шудан боздорад, яъне ў саъй мекард, ки машъали афрўхтаи Исмоили Сомонӣ ва Наср ибни Аҳмад хомўш нагардад. Вале вақте ки «Шоҳнома» ба анҷом расид, давлати Сомониён таназзул карда, аз тарафи Қарохониён ва Ғазнавиён барканор гардид. Чунон ки аз байти зери Фирдавсӣ бармеояд, ў таълифи «Шоҳнома»-ро соли 400 ҳ. ба поён расондааст:
Зи ҳиҷрат шуда панҷ ҳаштод бор, Ки гуфтам ман ин номаи шоҳвор.
Ба сабаби нооромии замон ва набудани шахси сазовори ин шоҳасар ў муддати зиёде онро нигоҳ медорад:

пешина
аз 625
навбатӣ