Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инак, ин як мубоянат ҳукмест,
Ки ба инсоф ҳукм бигзорад.

Ин, ки ӯ пушти даст мехояд,
Ҳамаро пушти пой мехорад.

Чи кунам, қисса чун дароз кунам,
Айши талхам ҳаме биозорад.

Оби чун оташам фирист, ки бод
Бар сарам хоки ғам ҳамеборад.

Оби ангур бӯ, ки саъй кунад,
То ғамам ғӯра дарнаафшорад!

ДАР ШИКОЯТИ ДАҲР

Ҷавр яксар ҷаҳон чунон бигрифт,
Ки ҳаме бӯи адл натвон бурд.

В-аз бузургӣ, ки нафси ҳодисарост,
Мешиносам, ки фоилест на хурд

В-аз тариқи дигар шинохтаам,
Ки раҳи ҷаври ҷобирон биспурд...

Монд як чиз ин, ки ӯ чу бикард,
Тахтаи дигарон чаро бистурд?

На ҳама мағз беҳ, ки лахте пӯст,
На ҳама соф беҳ, ки баъзе дурд.

В-ар ту бар иттифоқу бахт ниҳӣ,
Чун кулоҳе бибоядаш заду бурд.

Ақл оғози кор гум накунад,
На дар ин моҷаро кам аст аз гурд.

В-он ки қисме ба хештан барбаст,
Хештанро шарики мулк шумурд,

В-он ки даст аз чарою чун бикашид,
Вақти таслим ҳам қадам нафушурд.

Мубоянат – зидди якдигар.
Яъне, аз тангдастии ӯ дигаронро ханда меояд.

пешина
аз 328
навбатӣ