Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷа, донӣ, ки чист ҳосили кор,
То набояд инон ба дев супурд:

Мутафаккир ҳаме бибояд зист,
Мутаҳаййир ҳаме бибояд мурд!

БА ХОҶА ШАМС, КИ ПӮСТИН ВАЪДА КАРДА БУД

Шамси бенуру хоҷаи беасл.
Чанд аз ин дафъи гарму ваъдаи сард?

Аз сари ҷӯи ишва об бибанд,
Беш аз ин гирди пои ҳавз магард,

То маро дар миёни тобистон
Мар-туро пӯстин набояд кард!

ДАР ҲИҶО

Мир Туғрул бимурду ман гуфтам:
«Малакулмавт кори мардон кард.

Бираҳонид мардумонро з-ӯ,
Мардумӣ карду сахт нек овард.

Қалтабоне, ки шаст сол бизист,
Як дирамсанг нони хеш нахӯрд!»

ДАР ВАЪЗ

Шодмонӣ гузину некхуӣ,
Ки замона вафо нахоҳад кард.
Аз сари рӯзгор гард барор,
Пеш аз он, к-аз сарат барорад гард!


Маркаби ман, ки додаи шаҳ буд,
Ҷон фидои марокиби шаҳ кард,

Бандаро бо пиёдагони сипоҳ
Дар чунин ҷойгоҳ ҳамраҳ кард.

Малакулмавт – Азроил, фариштаи марг.

пешина
аз 328
навбатӣ