Мунтахаби девон

Андаромад зи беҷавӣ аз пой,
Рӯям аз ғам ба гунаи каҳ кард.
Солҳо гуфт бознатвонам,
Он чи бо ман фалак дар ин маҳ кард!
ДАР НАСИҲАТ
Дар ҷаҳон бо мардумон донӣ, ки чун бояд гузошт
Он қадар умре, ки ёбад мардуми озодмард,
К-остинҳо дар ғами ӯ тар кунанд аз оби гарм,
Филмасал гар бигзарад бар домани ӯ боди сард.
ДАР ҲАҶВ
Қалтабонӣ ҳам ба хоҳар, ҳам ба зан
Нест пайдо, гарчи кас пинҳон накард,
Чанд гӯӣ, хоҳари ман порсост,
Гап мазан, гирди ҳадиси ӯ магард,
Порсо дар хонаи ту нони туст, 3-он ки нонатро на зан бинад, на мард!
ДАР МУТОИБА
Ҷаҳон гар музтариб шуд, гӯ ҳамешав,
Ману май-то ҷаҳон ором гирад.
Диламро андуҳи имрӯз бас нест,
Ки меандӯҳи фардо вом гирад!
ДАР СИФАТИ КАСБИ КАМОЛ
ВА МАЗАММАТИ АҲЛИ ЗАМОН
Ҳар ки ба варзидани камол ниҳад рӯй,
Шеваи нуқсон зи ҳеҷ рӯй наварзад,
Зилзилаи ҳирс агар зи ҳам бибарад кӯҳ,
Гарди қаноат бар остон-ш наларзад,
Рафъати аҳли замона касб кунад з-он-к
Суҳбати аҳли замона ҳеҷ наарзад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо