Мунтахаби девон

Баркашидаш зи ҷаҳон то ба мақоме, ки аз ӯй
Ҳар ки бартар шавад, эмин бувад аз бими ҳалок.
Чун бидидаш, ки касе нест, раҳо кардаш боз,
То дигар бора нагунсор дарафтод ба хок!
ДАР ШИКОЯТ
Аё роде, ки андар нофи оҳу
Зи бӯи хулқи ту хун мешавад мушк,
Туро дастест чун дарё кушода,
Чаро бар ман фурӯ бастӣ чунин хушк?!
ДАР ВАСФИ КӮШКУ САРОИ
МАҶДУДДИН АБУЛҲАСАНИ ИМРОНӢ
Ҳаббазо, корномаи Аржанг,
Эй баҳор, аз ту рашк бурда ба ранг.
Саҳнат аз саҳни хулд дорад ор,
Сақфат аз сақфи чарх дорад нанг.
Дода ранги туро қазо таркиб,
Карда нақши туро қадар беранг.
Сурати Кандаҳор пеши ту зишт,
Арсаи рӯзгор назди ту танг.
Ваҳшу тайрат ба сурату ба сифат
Ҳама ҳамвора дар шитобу диранг.
Тири туркон-т фориғ аст аз тоб,
Теғи гурдон-т эмин аст аз занг.
Доъии зоири сарири дарат
Ҳам зи як хутва, ҳам зи як фарсанг…
Лаби нойӣ-т месарояд ной,
Дасти чангӣ-т менавозад чанг.
Аржанг – дар ин ҷо ба маънии паҳлавони машҳури тӯронӣ.
Беранг – бемисл, бемонанд.
Хутва – як қадам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо