Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Буда бар ёди хоҷа бегаҳу гоҳ
Ҷоми соқӣ-т пуршароб чу занг.

Маҷди дин Булҳасан, ки фарҳангаш
Хокро фар диҳад, ҳаворо ҳанг.

Он ки адлаш дар интизоми умур
Шакли парвин диҳад ба ҳафт авранг,

В-он ки саҳмаш дар интиқоми ҳасуд
Нофи оҳу кунад чу коми наҳанг.

То бувад пушту рӯи кори ҷаҳон
Гаҳ шакар дар мазоқу гоҳ шаранг

Бод пайваста аз сиришқи ҳасад
Рӯи бадхоҳи ту чу пушти паланг.

ДАР МУТОИБА

Гӯянд, ки дар Тӯс гаҳи шиддати гармо
Аз хона ба бозор ҳамешуд занаке лол,

Бигзашт ба дуккони яке пири ҳасирӣ,
Бар дил бигузашташ, ки агар нест маро мол,

То чун дигарон натъ харам баҳри танаъум,
Охир, набувад кам зи ҳасире ба ҳама ҳол.

Биншасту яке коғазаке чакса бурун кард,

Ҳосил шуда аз гидяба ҷав-ҷав, на ба мисқол,

Гуфто: «Да-да-даҳ газ ҳа-са-сире сараро чанд,
Не аз лу-лу-лух ва ка-канаб в-аз на-на-на-нол!»

Шогирди ҳасирӣ чу адою суханаш дид,
Гуфташ: «Бирав, эй қаҳбаи чун ин ба сухан зол.

Тадбири намад кун, ба намадгар шав, азеро-к,
То нарх бипурсӣ ту, ба даймоҳ расад сол!»

Ҳасирӣ – бӯрёбофу бӯрёфурӯш.
Натъ – суфра, фарш.
Чакса – пораи коғаз ё барги дарахт, ки дору печонанд.

пешина
аз 328
навбатӣ