Мунтахаби девон

Ба сад забон-т чу савсан бигуфта будам дӣ,
Ки чун бунафша зи сустӣ фурӯ шудаст сарам,
Гар андаке арақи настаран ба даст орӣ,
Ба ман фирист, вагарна бигӯй, то бихарам.
Забон чу лола ба гирди даҳон дарафкандӣ,
Ки гар наорамат, аз сабзаи даман батарам!»
Фурӯхт рӯи нишотам чу бӯстонафрӯз
Бад-он умед, к-аз ин варта, бӯ, ки ҷон бибарам.
Бурун шудиву фурӯ бурд сар чу нилуфар
Ба оби ғафлату дониста, к-об менахӯрам.
Ду рӯз рафт, ки чун шанбалиди пажмурда
Зи ташнагии бағоят на хушкаму на тарам.
Зи таф чу зоҳири туффоҳ зард гашт рухам,
Зи ғам чу ботини ӯ пора-пора шуд ҷигарам.
Чу гӯш ин суханат ҳамчу пилгӯш намуд,
Ки чист ориза, ё ман ба маърази чи-дарам?
На бевафо-т чу айёми ёсуман хонам,
На з-ин сипас ҳама рангат чу арғувон шумарам.
Ту он чи бинӣ, ин бин, ки бо фароғати ту
Ҳанӯз дида чу наргис ниҳода менигарам.
Чу дастҳои чинор аст ҳарду дастам суст
Вагарна пираҳан аз ҷаври ту чу гул бидарам!
ДАР БАЁНИ ҲУНАРҲОИ ХУД ВА ҶАҲЛИ АБНОИ АСР
Гарчи фурӯ бастам дари мадҳу ғазал якборагӣ,
Зан мабар, к-аз назми алфозу маонӣ қосирам.
Балки дар ҳар илм, к-аз ақрони ман донад касе,
Хоҳ ҷузвӣ бошад ону, хоҳ куллӣ, қодирам.
Шанбалид – гиёҳ.
Туффоҳ – себ.
Пилгӯш – савсан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо