Мунтахаби девон

Дар чунин қаҳти мурувват бо чунин озодагон
Войи ман, гар нон хӯрандӣ духтарони хотирам!
Ин ки мегӯям, шикоят нест, шарҳи ҳолат аст,
Шукр Яздонро, ки андар ҳарчи ҳастам, шокирам.
Дар ғараз аз офариниш ғоятам, бас аввалам,
Гарчи дар силки вуҷуд аз рӯи сурат охирам.
Қадри ман соҳиб Қавомуддин Ҳасан донад аз он-к
Садри ӯро ёдгор аз Носируддин Тоҳирам.
КИСАЕ БА ҲАКИМ ВАЪДА КАРДААНД,
ОНРО БО КОРДЕ ТАЛАБ МЕКУНАД
Эй камоли замон, биёю бубин,
Ки зи ишқат чи гуна месӯзам!
Бо баҳори рухат тавонад гуфт
Шаби ялдо, ки рӯзи наврӯзам.
Дар фироқи рухи чу хуршедат
Рӯшноӣ намедиҳад рӯзам.
Кисае додиям дар ин шабҳо,
Ки ҳаме воми суҳбат андӯзам,
Рӯзҳо рафту ман намедонам,
Ки бар он киса кисае дӯзам!
Ё Раб, ар корде бувад, бо он
Ки бад-он кини душманон тӯзам!
Сар чу сарв аз нишот бифрозам,
Рух зи шодӣ чу гул барафрӯзам.
Вагар ин кор ҳаст беҳуда,
Тан зан он гоҳ, косаи юзам!
Соя бар кори ин сухан мафкан,
3-он ки чун соя бар ту омӯзам!
Киса дӯхтан – умедвор будан.
Тан задан – таҳаммул кардан; гурехтан..
Юз – саги шикорӣ.
Вагарна сояро нишонат медиҳам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо