Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ҲАСБИ ҲОЛ

Гӯянд, ки чист ҳосили ту
Эй беҳосил, зи зиндагонӣ?

Гӯям: хатакею байтаке чанд
Аз неъматҳои инҷаҳонӣ.

Хатте на чунин, чунон ки бояд,
Байте на чунон, чунон ки донӣ!

ДАР МАЪВИЗА

Эй хоҷа, макун, то битавонӣ талаби илм,
К-андар талаби ротиби ҳаррӯза бимонӣ.

Рав, масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,
То доди худ аз кеҳтару меҳтар биситонӣ.

Не, гӯшаи кунҷею китобе бари оқил
Беҳтар зи басе ганҷу басе комравонӣ!

Гар бехирадон қимати ин мулк надонанд.
Эй ақл, хиҷил нестам аз ту, ки ту донӣ!

Фиръавну азоби абаду риши мурассаъ
Мӯсии калимуллаҳу чӯбею шубонӣ!

ИН ҚИТЪАРО ДАР ШИКОЯТЕ
АЗ МАЛИКШОДУ НИЗОМУЛМУЛК ГУФТА

Кор кори малику даврон даврони вазир,
Ин зи Осаф бадалу он зи Сулаймон сонӣ.

Оламе аз карами ин — ҳама дар осоиш,
Уммате аз қалами он — ҳама дар осонӣ.

Ҷуди эшон – рақами рағбати рӯзибахшӣ,
Адли эшон – алами кисвати ободонӣ.

То ҷаҳон байъати фармонбарии эшон кард,
Ҳеҷ мухтор назад як дами бефармонӣ.

Ротиб – ризо; ризқ.
Кеҳтару меҳтар – хурду калон.

пешина
аз 328
навбатӣ