Мунтахаби девон

Ғарази чарх камолест, ки эшон доранд,
Чун барояд, бираҳад з-ин ҳама саргардонӣ.
Ҳаббазо, арсаи мулке, ки дар ӯ чуғд ҳаме
Бе дареғо набарад орзуи вайронӣ.
Марҳабо, бастати чоҳе, ки дар ӯ мунқатеъанд
Мусреъи сояю хуршед зи бепоёнӣ.
Нагзарад рӯзе бар давлати эшон ба масал,
Ки на бар муҳраи гардан бувадаш пешонӣ.
Дар чунин давлату ман як тани қонеъ ба кафоф,
Бими он аст, ки обам бибарад бенонӣ!
Назму насре, ки маро ҳаст, дар ин мулк магир,
Ки аз он рӯй ба сад отифатам арзонӣ.
Малики Миср чи бояд, ки зи аҳли Канъон
Бехабар бошад, хосса, ки бувад канъонӣ!
Муътабар гар сухан аст, он ки аз он маҷмӯъ аст.
Хозини хоси малик дорад, агар бистонӣ.
Пас, бихонӣ на бар он шакл, ки тутӣ «Алҳамд»,
Балки тафтиши маонӣ кунӣ, ар битвонӣ.
Ҳам ту иқрор кунӣ, к-Анварӣ аз рӯи сухан
Рӯҳи покиза барад аз сухани рӯҳонӣ.
Дар ҳузур аст, аз ин нақш яқин мешавадам,
Хосса, бо муҳра дар шашдари бесомонӣ.
Гар маро муътими динор аз ин хоҳад буд,
Бениёзанду маро фоқаи ҷовидонӣ
Ту, ки пӯшида ҳамебинӣ аз дур маро,
Ҳоли беруну дарунам на ҳамоно донӣ!
Тоқи Бӯтолиб неъма-ст, ки дорам зи бурун
В-аз дарун пираҳани Булҳасани Имронӣ.
Бастат – вусъат, паҳноӣ.
Мунқатеъ – қатъшуда; дур.
Мусреъ – тезрав; қосиди шитобон.
Ишора ба бозии нард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор