Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Анварӣ, ин чи парешонию бехештанист,
Ҳеҷ донӣ, ки сухан бар чи насақ меронӣ?

Бар сари хони қаноат шуда ҳамкосаи ақл,
Чанд пурсӣ чу туфайлӣ хабари меҳмонӣ!

Писари Саҳли гадо гар шунавад, ҳол орад,
К-ояти гидя чу Аббос хушак мехонӣ!

ФУТӮҲИИ ШОИР, БА ФАРМУДИ ШОҲ
ВА ВАЗИР, ҶАВОБИ ҲАКИМРО ГУФТ

Анварӣ, эй сухани ту ба сахо арзонӣ,
Гар ба ҷонат бихаранд адли сухан – арзонӣ!

Дар сари ҳикмату фитнат зи каромат ақлӣ,
Дар тани донишу ромиш ба латофат ҷонӣ!

Ҳуҷҷати ҳаққию мадрус зи ту ботил шуд,
Авҳадуддинию дар даҳр надорӣ сонӣ!

Ба гаронмоягию ҷуд равонию хирад
В-аз равону хирад, ар ҳеҷ бувад, беҳ з-онӣ!

Гуфтӣ андар шарафу қадр фузун аз малакам,
Боре андар тамаъу ҳирс кам аз эшонӣ!

Ғояти ҳимматат ар кардат султони сухан,
Ояти гидяву арзол чаро мехонӣ?

Пеши хосон маталаб ном зи ҳикмат чандин.
Чун хасон дар талаби ҷомаю банди нонӣ!

3-оби ҳикмат чу ҳаме бо малакон наншинӣ,
Оташи ҳирс чаро дар дилу ҷон биншонӣ?

Нафсро боз кун аз шаҳвати нафсонихӯй,
То дамат дар ҳама аҳвол бувад рӯҳонӣ.

Насақ – тарз; қоида.
Писари Саҳл ва Аббос – гадоҳои машҳур будаанд.
Мадрус – куҳна, фарсуда.
Авҳад – воҳид, ягона.
Арзол – разилон.

пешина
аз 328
навбатӣ