Мунтахаби девон

Надимӣ маро зебад аз баҳри онро,
Ки одоби он нек донам, ту донӣ!
Агар нома бояд навиштан, нависам
Ба килку банон дебаи хусравонӣ.
В-гар шеър хоҳӣ, ки гӯям, бигӯям
Ҳам аз гуфтаи худ, ҳам аз бостонӣ
В-агар нарду шатранҷ хоҳӣ, бибозам,
Ҳарифона сеҳри ҳалол аз равонӣ.
В-агар ҳазл хоҳӣ, сабукрӯҳ бошам,
Набошад зи ман бар ту бими гаронӣ.
Зи мутриб ғазал орзӯ дарнахоҳам,
Нагӯям фулонӣ, дигар ё ҳимонӣ.
На чашмам чарогаҳ кунад рӯи соқӣ,
На гӯшам бидуздад ҳадиси ниҳонӣ.
Муарбад набошам, ки некӯ набошад,
Ки майро бувад ҷуз хирад қаҳрамонӣ.
Яке кам хӯрам, хуш равам сӯи хона,
Ғуломе бувад мар-маро ройгонӣ.
МУТОИБА
Дӯш меҳмони хоҷае будам
Ин-т номардумию ин-т сагӣ:
Дӯш то рӯз ҳарду нағнудем –
Ӯ зи серию ман зи гурснагӣ!
ДАР ШИКОЯТ
Ту вазирию ман-т мидҳатгӯй,
Дасти ман бе ато раво бинӣ.
Шав, вазорат ба ман супору маро
Мидҳате гӯй, то ато бинӣ!
Абанон – ангушт.
Деба – дебо, ҳарир, абрешим.
Муарбад – арбадаҷӯ, ҷанҷолӣ.
Мидҳат – мадҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор