Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ИН ҚИТЪАРО ДАР ТАҚОЗОИ АСПЕ ГУФТА,
КИ СОҲИБ БА ҲАКИМ ВАЪДА КАРДА

Зиҳӣ, нафози ту дар сирри корҳои мамолик
Гирифта нисбати асрори ҳукмҳои илоҳӣ,

Мисоли рафъати қадри ту пеши рафъати гардун
Ҳадиси пояи моҳ аст пеши пастии моҳӣ.

Чу вақфномаи давлат қазо ба номи ту бинвишт,
Чаҳор унсуру нуҳ чарх барзаданд гувоҳӣ

Туӣ, ки мусреъи амрат надид ваҳни таваққуф,
Туӣ, ки арсаи ҷоҳат надид нанги табоҳӣ.

Зи рашки ройи мунири ту ҳеҷ рӯз набошад,
Ки субҳҷома надаррад бар осмон зи пагоҳӣ.

Агар ба ранҷ надорӣ, ки ҳеҷ ранҷ мабодат,
Зи ҳасби воқеа бинвис чанд байти камоҳӣ.

Ба ёди туст ҳамоно ҳадиси бахшиши аспе,
Ки каҳрабо-ш чу бинад, кунад азимати коҳӣ.

Бурун намешавад аз гӯшам он ҳадису ту донӣ,
Ҳадиси асп наояд бурун зи гӯши сипоҳӣ

В-агар баҳо бувад онро, баҳо падид набошад,
Пиёдагию фароғат беҳ аз ақилаю шоҳӣ.

Ба авни туст паноҳам, ки аз инояти гардун
Чунон-т бод, ки ҳаргиз ба ҳеҷ кас напаноҳӣ!

Маро зи сурати ҳоле, ки ҳаст қиссаи ғусса,
Раво бувад, ки бигӯям ба нохушию табоҳӣ!

Бад-он Худой, ки андар замона рӯзу шаб орад,
Агарчи рӯзи таманно шабе бувад ба сиёҳӣ,

Нафоз – нуфуз, таъсир; амр, фармон.
Рафъат – баландӣ.
Ваҳн – сустӣ, заъф.
Камоҳӣ – воқеӣ, чунон ки ҳаст.
Ақила – бузург, азиз.

пешина
аз 328
навбатӣ