Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маро зи ҳодиса ҳолест ончунон, ки нахоҳам,
Тавонӣ ар, ба иноят чунон кунӣ, ки бихоҳӣ.

Ба базл кӯш, ки аз молу ҷоҳ Ҳотами тайро
Асар намонд ба ҷуз базлҳои молию ҷоҳӣ!

Бақо-т бод, ки то меҳри осмони гияҳгун
Ба хосият бинамояд зи шӯра меҳргиёҳӣ!

ДАР СИТОИШИ СУХАНИ ХУД

Бузургворо, бо он ки муъризам зи сухан,
Чунон ки бознадонам кунун зи радф равӣ.

Ҳанӯз бо ҳама эърози ман чу дарнигарӣ,
Сухан, чунон ки чунон беҳ бувад, зи ман шунавӣ!

ДАР ҲИКМАТУ МАВЪИЗА

Суффаеро нақш мекарданд наққошони Чин,
(Бишнав ин маънӣ, к-аз ин хуштар ҳадисе нашнавӣ),

Устоде нимаеро кард ҳамчун оина,
Устоде нимаеро кард нақши монавӣ;

То ҳар он нақше, ки ҳомил бошад андар нимае,
Бинӣ андар нимаи дигар, чу андар вай равӣ.

Эй бародар, хештанро суффае дон ҳамчунон,
Ҳам ба сақфе – нек олӣ, ҳам ба бунёде – қавӣ!

Боре ар он нимаи пурнақш натвонӣ шудан,
Ҷаҳди он кун, то магар он нимаи дигар шавӣ!

Базл – инъом, бахшиш.
Муъриз – нахоҳанда, даргурез.
Радф – радиф.
Равӣ – ҳарфи охирини решагии калима, ки барои қофия ҳатмист.
Суффа – – саҳна; лавҳа.
Нақши монавӣ – мансуб ба Монӣ, наққоши машҳур.
Ҳомил – ба маънои мавҷуд, будан.

пешина
аз 328
навбатӣ