Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гӯям, ки зи ишваҳои ишқат
Ҳастем зи умр бар зиёнҳо,

Гӯӣ, ки туро аз он зиён буд,
Алҳақ, ҳастӣ ту худ аз онҳо!

То кай гӯӣ: чу Анварӣ мурғ
Дигар напарад аз ошёнҳо,

Донад ҳама кас, ки он чи таън аст,
Дандон-ст, буто, дар ин даҳонҳо!


Эй аз бунафша сохта гулбаргро ниқоб
В-аз шаб тапончаҳо зада бар рӯи офтоб

Бар сими сода бехта аз мушки суда гард,
Бар барги лола рехта аз қири ноб об.

Хатти ту бар хади ту чу бар шир пои мӯр,
Зулфи ту бар рухи ту чу бар май пари ғуроб.

Дорам зи обу оташи ёқуту ҷазъи ту
Дар об дида ғарқу бар оташ ҷигар кабоб.

Дар тобу банди зулфи диловези ҷонкашат,
Ҷон дар ҳазор банду дил андар ҳазор тоб.

Гаҳ дасти ишқ ҷомаи сабрам кунад қабо,
Гаҳ оби чашм хонаи розам кунад хароб.

Чун чашмат аз ҷафо мижа бар ҳам намезанад,
Чашмам ба хуни дил мижа то кай кунад хизоб?

Ҳам бо хаёли ту гилае кардаме зи ту,
Бар чашми ман агар нашудӣ баста роҳи хоб.

Эй рӯзу шаб чу даҳр дар озори Анварӣ,
Тарсам, ки даҳр боздиҳад зудат ин ҷавоб!

Таппонча – торсакӣ, шапалоқ.
Хад – рӯ, чеҳра.

пешина
аз 328
навбатӣ