Мунтахаби девон

Хаҳ, хаҳ, баномэзад, он рӯи кист, ё Раб,
Он сеҳри чашму он рух, он зулфу холу он лаб.
Дар васфи ҳусни он лаб ноҳидчанг мутриб,
Бар чархи ҳусни он рух хуршедбурҷ кавкаб.
Масрури айши ӯро ин айши одатӣ ғам,
Бемори ҳаҷри ӯро ин марги суратӣ таб.
Нақше нигошт хатташ аз мушки суда бар гул,
Доман фиканд зулфаш бар рӯзи равшан аз шаб.
Домест чини зулфаш, ақл андар ӯ муаллақ,
Ҷазъест чашми шӯхаш, сеҳр андар ӯ мураккаб,
Гаҳ мушк мефишонад бар маҳ зи гарди мавкиб.
Гаҳ моҳ менигорад дар раҳ зи наъли маркаб.
Дар пеши нури рӯяш гардун ба дасти ҳасрат
Барбаст рӯи худро, бишкаст неши ақраб.
Бардорад, ар бихоҳад, зулфу рухаш ба як раҳ
Тартиби куфру имон, оини кешу мазҳаб.
Дар манязиди васлаш ҷоне ҷаве наарзад,
Эй Анварӣ, чи лофӣ чандин зи қалбу қолаб?!
Хаҳ, аз куҷо-т пурсам, чун аст рӯзгорат,
Моро ду дида боре хун шуд дар интизорат.
Дар орзуи рӯят дур аз саодати ту
Печону сӯгворам чун зулфи тобдорат.
Моро нагӯӣ, эй ҷон, к-охир ба чӣ ҷиноят
Бегонагӣ гирифтӣ аз ёри дӯстдорат.
Хаҳ – чи хуш, хушо, нидои шодмонӣ.
Баномэзад (баномэзид) – ба номи Худо: калима-иборае барои рафъи чашми бад, ифодаи тааҷҷуб ва қасам.
Мавкиб – аҳли рикоб, ҳамроҳон.
Маркаб – ҳама ҳайвони саворӣ.
Манязид – «кӣ зиёдтар?», муомилаи тиҷоратӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё