Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон тарсад дил аз ҳаҷри ту, гӯӣ,
Шаби ҳиҷрони ту рӯзи вафот аст!

Ба ҷону дил зи девони ҷамолат
Амири ишқро бар ман барот аст!


То дили мискини ман дар кори туст,
Орзӯи ҷони ман дидори туст.

Ҷону дил дар кори ту кардам фидо,
Кори ман ин буд, дигар кори туст!

Бо ту натвон кард даст андар канор,
Ҳар чи хоҳӣ, кун, ки давлат ёри туст!

Дил туро додам, вагар ҷон боядат,
Ҳам фидои лаъли шаккарбори туст!

Шоядам, гар ҷону дил аз даст рафт,
Эминам, анде, ки дар зинҳори туст!


Ҷурми раҳӣ дӯстии рӯи туст, Офати савдои дилаш мӯи туст.

Дил нафас аз ишқи ту танҳо назад,
Дар ҳама дилҳо ҳаваси рӯи туст.

Новаки ғамза мазан ӯро, ки ӯ
Куштаи ҳар ғамзадаи хӯи туст.

Ҳаст басе Юсуфи Яъқубранг
Пираҳанеро, ки дар ӯ бӯи туст.

Аз дари худ ошиқи худро марон,
Раҳм кун, ангор, саги кӯи туст!

Барот – хат, ҳуҷҷат.
Зинҳор – амон, паноҳ.
Раҳӣ – банда; хоксорона ба ҷои «ман» истифода мешавад.

пешина
аз 328
навбатӣ