Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гирифтори сагон гаштан ба нахчир
Беҳ аз афсӯси шерони забунгир.
Биё, гӯ, гар манат бояд, чу мардон
Ба пои худ, касе ранҷа магардон!
Ҳижаброне, ки шерони шикоранд,
Ба пои худ паёми худ гузоранд.
Чу давлат пойбасти ӯст поям,
Ба пои дигарон хондан наоям.
Ба дӯши дигарон занбил соянд,
Ба дандони касон занҷир хоянд.
Чи тадбир аз паи тадбир кардан,
Нахоҳам хештанро пир кардан.
Ба пирӣ май хӯрам, бодам қадаҳ хурд,
1
Ки ҳангоми раҳил охур занад курд.
Ба нодонӣ дарафтодам бад-ин дом,
Ба доноӣ бурун оям саранҷом.
Магар нашнидӣ аз ҷодуи ҷавзан,
Ки донад дуди ҳар кас роҳи равзан.
Маро ин ранҷу ин тимор дидан
Зи дил бояд, на аз дилдор дидан.
Ҳама ҷо дузд аз бегона хезад,
Маро бингар, ки дузд аз хона хезад!
Ба афсун аз дили худ раст натвон,
Ки дузди хонаро дар баст натвон.
Чу кӯрон гар на лаъл аз санг пурсам,
Чаро деҳ бинаму фарсанг пурсам!
Дили ман дар ҳақи ман ройи бад зад,
Ба дасти худ табар бар пойи худ зад.
Диле дорам, к-аз ӯ ҳосил надорам,
Маро он беҳ, ки дил бо дил надорам!
Дилам золим шуду ёрам ситамкор,
Аз ин дил бедилам, з-ин ёр беёр.
Шудам дилшод рӯзе бо дилафрӯз,
Аз ин рӯз уфтодастам бад-ин рӯз.
Ғами рӯзӣ хурад ҳар кас ба тақдир,
Чу ман ғамрӯзӣ афтодам, чи тадбир?
Ниҳон то кай кунам сӯзе ба сӯзе,
Ба сар то кай барам рӯзе ба рӯзе?
Маро, к-аз сабр кардан талх шуд ком,
Сазад, гар луъбати сабрам ниҳӣ ном.
Агар дурам зи ганҷу кишвари хеш,
На охир ҳастам озоди сари хеш?

Кӯч.

пешина
аз 349
навбатӣ