Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Каманди дил дар он саркаш чи печам,
Расан дар гардани оташ чи печам,
Заминам ман, ба қадр ӯ осмонвор,
Заминро кай бувад бо осмон кор?
Кунад бо ҷинси худ ҳар ҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Нашояд бодро дар хок бастан,
На бо ҳам обу оташро нишастан.
Чу васлаш нест, аз ҳиҷрон чи тарсам,
Тане то зинда, аз зиндон чи тарсам.
Бувад сармоядоронро ғами бор,
Тиҳидаст эмин аст аз дузду таррор.
На он мурғам, ки бар ман кас ниҳад қайд,
На ҳар бозе тавонад карданам сайд.
Гар ояд Хусрав аз бутхонаи Чин,
Зи шӯристон наёбад шаҳди Ширин.
Агар Шабдизи тавсанро таке ҳаст,
Зи тезӣ низ Гулгунро раге ҳаст
В-агар Марям дарахти қанд гаштаст,
Рутабҳои маро Марям сириштаст!
Гар ӯро даъвии соҳибкулоҳист,
Маро низ аз қасаб сарбанди шоҳист.
Нахоҳам кардан ин талхӣ фаромӯш,
Ки ҷон Ширин канад, Марям кунад нӯш.
Яке дур ҷусту дарё дар камин ёфт,
Яке сирка талаб кард, ангубин ёфт,
Ҳамасола набошад сина бар даст,
Ба ҳар ҷо гирд роне, гардане ҳаст.
Набудам ошиқ, ар будам ба тақдир,
Пушаймонам, хато кардам, чи тадбир!
Мазоҳе кардам, ӯ дархост пиндошт,
Дурӯғе гуфтам, ӯ худ рост пиндошт.
Дили ман ҳаст аз ин бозор безор,
Қасам хоҳӣ, ба додору ба дидор!
Суханро ришта бас борик риштам
В-агарчи дар шаби торик риштам,
Чунин то кай чу мум афсурда бошам,
Барафрӯзам, в-агарна мурда бошам.
Ба нафринаш нагӯям хайру шар ҳеҷ,
Худовандо, ту медонӣ, дигар ҳеҷ!
Лаб он касро диҳад, к-ӯро ниёз аст,
На дастерост ҳалво, к-он дароз аст.
Баҳореро, ки бар хокаш фишонӣ,
Аз он беҳ, к-аш барад боди хазонӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ