Ҳафтахтар Ҷилди 3

Маро зан буд, к-аз ман барнагардӣ,
Харидори касе дигар нагардӣ,
Кунун дар худ хато кардӣ занамро,
Ки дар дил ҷой кардӣ душманамро!
Аз ин бедод дил дар дод бодат,
Зи оҳи талхи Ширин ёд бодат!
Чу бахти хуфта ёриро нашоӣ,
Чу даврон созгориро нашоӣ.
Бад-ин хорӣ маҷӯям, гар азизам,
Хати озодиам деҳ, гар канизам.
Туро ман ҳамсарам дар ҳамнишинӣ,
Ба чашми зердастонам чи бинӣ?
Чунин дар пояи зерам макун ҷой
В-агарна бар дарат боло ниҳам пой!
2
Ба пилпилдонаҳои ашки ҷӯшон
Давонам бар дари хешат хурӯшон!
Надорӣ ҷуз муроди хештан кор,
Набояд буд аз ин сон хештандор!
Чу ту дил бар муроди хеш дорӣ,
Муроди дигарон кай пеш дорӣ?!
Маро то хор дар раҳ мешикастӣ,
3
Камон дар кори даҳдаҳ мешикастӣ.
Ба хори талх Ширин буд густох,
Чу ширин шуд рутаб, хор аст бар шох.
Ба боғ афканданат полуд хунам,
Чу бар бигрифт боғ, аз дар бурунам.
Нагаштам з-оташат гарм, эй дилафрӯз,
Ба дудат кӯр мегардам шабу рӯз.
Ҷафо з-ин беш, к-андомам шикастӣ,
Чу номовар шудӣ, номам шикастӣ.
Амалдорон чу худро соз бинанд,
Ба маъзулон аз ин беҳ боз бинанд.
Ба маъзулӣ ба чашмам дарнишастӣ,
Чу омил гаштӣ, аз ман чашм бастӣ.
Ба оби дида киштӣ чанд ронам,
Висолатро ба ёрӣ чанд хонам,
Чу бе ёр омадӣ, ман будамат ёр,
Чу дар корӣ, набошад бо манат кор.
Чу корамро ба расвоӣ фикандӣ,
Сипар бар оби раъноӣ фикандӣ.
Бароти куштанамро соз додӣ,
Ба осеби фироқам боздодӣ.
1
Гумон, хаёл.
Филфил, фулфул - давое маъруф ва он сиёҳ бошад («Ғиёс»).
Зари комилиёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё