Ҳафтахтар Ҷилди 3

Намонд аз ҷони ман ҷуз ришта тое,
Макаш, к-ин ришта сар дорад ба ҷое.
Мазан шамшер бар Ширини мазлум,
Туро он бас, ки рондӣ найза бар Рум.
Чу нақши коргоҳи румиат ҳаст,
Зи румикори Арман дур кун даст.
Зи боғи Рум гул дорӣ ба хирман,
Макун тороҷи тахту тоҷи Арман.
Макун, к-аз гармӣ оташ зуд хезад
В-аз оташ, тарсам, он гаҳ дуд хезад.
Ҳазор аз баҳри май хӯрдан бувад ёр,
Яке аз баҳри ғам хӯрдан нигаҳ дор.
Маро дар кори худ ранҷур дорӣ,
Кашӣ дар дому доман дур дорӣ.
Хасак бар домани даврон маафшон,
Намак бар ҷони маҳҷурон маафшон.
Туро дар базми шоҳон хуш барад хоб,
Зи бунгоҳи ғарибон рӯй бартоб.
Раҳо кун, то дар ин меҳнат, ки ҳастам,
Худои хештанро мепарастам.
Ба дом оварда, гир, ин мурғро боз,
Дигарбора ба саҳро карда парвоз.
Марав роҳе, ки хар дар гил бимонад,
Зи корат бедилонро дил бимонад.
Мазан оташ дар ин ҷони ситамкаш,
Раҳо кун хонае аз баҳри оташ.
Дар ин оташ, ки ишқ афрӯхт бар ман,
Дареғо, ишқ хоҳад сӯхт хирман.
Ғамат бар ҳар рагам печид море,
Шикастам дар буни ҳар мӯй хоре.
На шаб хуспам, на рӯз осоишам ҳаст,
На аз ту заррае бахшоишам ҳаст.
Сабурӣ чун кунам, умре чунин танг,
Ба манзил чун расам, пое чунин ланг!
Зи ашку оҳи ман дар ҳар шуморе
Бувад дарё наме, дӯзах шароре.
Дар ин дарё, к-ам оташ гашт киштӣ,
Маро ҳам дӯзахӣ хон, ҳам биҳиштӣ
В-агарна бар дари дӯзах ниҳонӣ
Чаро меҷӯям оби зиндагонӣ?
Маро чун бад набошад ҳол бе ту,
Ки будам бо ту пор, имсол бе ту?
Туро хокест, хок аз дар гузашта,
Маро обест, об аз сар гузашта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё