Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба шаб з-он ҳавзпоя ҳеҷ нагзашт,
Ҳама шаб гирди пои ҳавз мегашт.
Дар офоқ ин сухан шуд достоне,
Фитод ин достон дар ҳар забоне.

ОГОҲӢ ЁФТАНИ ХУСРАВ АЗ ИШҚИ ФАРҲОД

Яке маҳрам зи наздикони даргоҳ
Фурӯ гуфт ин ҳикоят ҷумла бо шоҳ,
Ки Фарҳод аз ғами Ширин чунон шуд,
Ки дар олам ҳадисаш достон шуд.
Димоғашро чунон савдо гирифтаст,
К-аз он савдо раҳи саҳро гирифтаст.
Зи савдои ҷамоли он дилафрӯз
Бараҳна пову сар гардад шабу рӯз.
Дилам, гӯяд, ба Ширин дардманд аст,
Бад-он овоза овозаш баланд аст.
Ҳаросе н-аз ҷавон дорад, на аз пир,
На аз шамшер метарсад, на аз тир.
Дилаш з-он моҳ бепайванд бинам,
Ба овозе-ш аз ӯ хурсанд бинам.
Зибас, к-орад ба ёд он симтанро,
Фаромушкарда хоҳад хештанро.
Кунад ҳар ҳафта бар қасраш саломе,
Шавад розӣ, чу бинюшад паёме.
Малик чун кард гӯш ин достонро,
Ҳавас дар дил фузуд он дилситонро.
Ду ҳаммайдон ба ҳам беҳтар гироянд,
Ду булбул бар гуле хуштар сароянд.
Чу нақдеро ду кас бошад харидор,
Баҳои нақд беш ояд падидор.
Дили Хусрав ба навъе шодмон шуд,
Ки бо ӯ бедиле ҳамдостон шуд.
Ба дигар навъ ғайрат бурд бар ёр,
Ки соҳибғайраташ афзуд дар кор.
Дар он андеша оҷиз гашт ройаш,
Ба ҳукми он ки дар гил буд пойаш.
Чу бар тан чира гардад дардмандӣ,
Фуруд ояд сиҳисарв аз баландӣ.
Нашояд кард худро чораи кор,
Ки бемор аст ройи марди бемор.
Сухан дар тандурустӣ тандуруст аст,
Ки дар сустӣ ҳама тадбир суст аст.
Табиб арчанд гирад набз пайваст,
Ба беморӣ ба дигар кас диҳад даст.

пешина
аз 349
навбатӣ