Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

РОЙ ЗАДАНИ ХУСРАВ ДАР КОРИ ФАРҲОД

Зи наздикони худ бо маҳраме чанд
Нишасту зад дар ин маънӣ даме чанд,
Ки бо ин марди савдоӣ чи созем,
Бад-ин муҳра чи гуна ҳуққа бозем?
Гараш монад бад-ӯ, корам табоҳ аст
В-агар хунаш бирезам, бегуноҳ аст.
Басе кӯшидам андар подшоӣ,
Магар иде кунам бе рустоӣ,
Кунад бар ман кунун ид он маҳи нав,
Ки кард ошуфтаеро ёри Хусрав.
Хирадмандон чунин доранд посух,
Ки эй давлат ба дидори ту фаррух,
Камин мавлои ту соҳибкулоҳон,
Ба хоки пои ту савганди шоҳон,
Ҷаҳон андозаи умри дарозат,
Саодат ёру давлат корсозат,
Гар ин ошуфтаро тадбир созем,
На з-оҳан, к-аз зараш занҷир созем,
Ки савдоро муфарреҳ зар бувад, зар,
Муфарреҳ худ ба зар гардад муяссар.
Нахусташ хонд бояд бо сад уммед,
Зарафшонӣ бар ӯ кардан чу Хуршед,
Ба зар н-аз дилситон, к-аз дин барояд,
Бад-ин ширинӣ аз Ширин барояд!
Басо бино, ки аз зар кӯр гардад,
Бас оҳан, к-ӯ ба зар безӯр гардад.
Гараш натвон ба зар маъзул кардан,
Ба санге боядаш машғул кардан,
Ки то он рӯз, к-ояд рӯзи ӯ танг,
Гузорад умр дар пайкори он санг.

ТАЛАБ КАРДАНИ ХУСРАВ ФАРҲОДРО

Чу шаҳ бишнид қавли анҷуманро,
Талаб фармуд кардан Кӯҳканро.
Даровардандаш аз дар чун яке кӯҳ,
Фитода аз пасаш халқе ба анбӯҳ.
Нишони меҳнат андар сар гирифта,
Раҳе бе хеш андар бар гирифта.
Зи рӯяш гашта пайдо беқарорӣ,
Бар ӯ бигриста даврон ба зорӣ.
На дар Хусрав нигаҳ карду на дар тахт,
Чу шерон панҷа кард андар замин сахт.

пешина
аз 349
навбатӣ