Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу кӯҳе Кӯҳканро назди худ хонд
В-аз он ҷо кӯҳтан зӣ кӯҳкан ронд.
Ба ёди лаъли ӯ Фарҳоди ҷонкан
Кананда кӯҳро чун марди конкан,
Зи ёри сангдил харсанг мехӯрд,
Валекин арбада бо санг мекард.
Иёри дастбурдашро дар он санг
Тарозуе наомад рост дар чанг.
Ба шахси кӯҳпайкар кӯҳ меканд,
Ғаме дар пеш чун кӯҳи Дамованд.
Даруни санг аз он меканд модом,
Ки аз сангаш бурун меомад он ком.
Рухи хоро ба хуни лаъл мешуст,
Магар дар санги хоро лаъл меҷуст.
Чу аз лаъли лаби Ширин хабар ёфт,
Ба санги хора-дар, гуфтӣ, гуҳар ёфт.
Ба дасташ оҳан аз дил гармтар гашт,
Ба оҳан сангаш аз дил нармтар гашт.
Ба дасте сангро меканд чун гил,
Ба дигар даст мезад санг бар дил.
Дилашро ишқи он бут мехарошид,
Чу бут будаш, чаро бут метарошид?
Шакарлаб дошт бо худ соғаре шир,
Ба дасташ дод, к-ин бар ёди ман гир,
Ситад шир аз кафи Ширин ҷавонмард,
Ба ширинӣ, чи гӯям, чун шакархӯрд.
Чу Ширин соқие бошад ҳамоғӯш,
На шир, ар заҳр бошад ҳам, шавад нӯш!
Чу ошиқ маст гашт аз ҷоми боқӣ,
Зи маҷлис азми рафтан кард соқӣ.
Шуд андомаш гарон аз зар кашидан,
Фурӯ монд асбаш аз гавҳар кашидан.
На асб, ар кӯҳи зар будӣ надимаш,
Сақат гаштӣ ба зери кӯҳи симаш.
Чунин гӯянд, к-асби бодрафтор
Сақат шуд зери он ганҷи гуҳарбор.
Чу ошиқ дид, к-он маъшуқи чолок
Фурӯ хоҳад фитод аз бод бар хок,
Ба гардан асбро бо шаҳсавораш
Зи ҷо бардошт, осон кард кораш.
Ба қасраш бурд аз он сон нозпарвард,
Ки мӯе бар тани Ширин наозард.
Ниҳодаш бар бисоти навбати гоҳ,
Ба навбатгоҳи хеш омад дигар роҳ,
Ҳамон оҳангарӣ бо хора мекард,
Ҳамон санге ба оҳанпора мекард,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё